​ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ «ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ»

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ», ки аз рӯи 9 забон (тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ, хитоӣ, фаронсавӣ, арабӣ) барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» иштирок ва соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.

Тибқи Низомномаи тасдиқшуда даври аввали озмун моҳи сентябр дарДонишгоҳ баргузор гардида, донишҷӯёни факултетҳои забонҳои шарқ, забонҳои хориҷӣ, филологияи тоҷик, филологияи рус ва филологияи ӯзбек ғолиб омада, роҳхати даври ниҳоиро ба даст оварданд.

Озмуни мазкур аз ду шарт иборат буда, дар он сатҳи забондонӣ, таҳкими рақобатпазирии донишҷӯён, истифодаи модулҳои забонии меъёрҳои умумии баҳодиҳии Аврупо ба малакаҳои забонӣ (CEFR) ва фарогирии санҷиши нутқи шифоҳии иштирокчиёни озмун ба назар гирифта шуд.

Аз рӯи натиҷаи озмун Муҳаммадизода Атоуллоҳ - донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси форсӣ-англисии факултети забонҳои Шарқ, аз забони форсӣ сазовори ҷойи аввал, Ҳасанова Шоира - донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, аз забони тоҷикӣ, Маллаев Муҳаммадҷон - донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси арабӣ – хитойии факултети забонҳои Шарқ, аз забони арабӣ ва Ахмедова Бунафша – донишҷӯйи соли якуми ихтисоси забони хориҷӣ (забон ва адабиёти ӯзбек; забон ва адабиёти тоҷик)-и факултети филологияи ӯзбек, аз забони ӯзбекӣ сазовори ҷойи дуюм, Мингбоев Нурмуҳаммад – донишҷӯйи соли панҷумифакултети забонҳои хориҷӣ, аз забони олмонӣ ва Холиқов Фахриддин - донишҷӯйи соли сеюми ихтисосиарабӣ-фаронсавии факултети забонҳои Шарқ, аз забони фаронсавӣ соҳиби ҷойи сеюм ва Кенҷаев Умедҷон - донишҷӯи соли панҷуми ихтисоси хитойӣ-англисии факултети забонҳои Шарқ, аз забони чинӣ сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ, аз 9 нафар донишҷӯи сафарбаршуда 7 нафар соҳиби ҷоиза гардиданд. Ғолибон бо диплом ва Ҷоми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ