ДАҲСОЛАИ СУЛҲ – БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст. Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бармеояд.
Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон истгоҳи ҳақиқии сулҳу истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ҳавопаймои ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳои дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми ситораи раҳнамояндаи миллат дар он айёми тирашаб аз омадани субҳи милоди мубораки миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон Сомониёни ориёнасл муждагонии масъуде расонид. Иҷрои рисолати бузурге, ки Сарвари давлат дар минбари ин маҷлисгоҳи иқболи миллати тоҷик барои овардани сулҳу ваҳдат аҳд гирифтанд,чунин буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам», «То як тоҷик дар ғурбат аст, дили ман ором нахоҳад шуд», «Дар ин роҳ ё мемирам ё ба пирӯзӣ мерасам». Ин суханони Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари толори Иҷлосияи таърихӣ дар Қасри Арбоб ҳангоми савгандёдкунӣ мақбули умедбахши ҳамагон ва вирди забонҳо гаштаанд, дар фосилаи панҷ сол умеду ормонҳои мардуми тоҷикро пару боли тоза бахшида, таъмини куллии сулҳу истиқлолияти ҷомеаро тақвияти бештар бахшид.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид.
Хизматҳои Президенти сулҳпарвари мо хеле бузург аст, ин аст ки, аз вазъи баамаломада нигарони карда, дар суханрониашон дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, оиди масалаи сулҳ чунин ақида баён намуданд: «Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.
Дар ин зимина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.
Мусаллам аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад.
Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем.
Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешем.
Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Чунонки борҳо изҳор доштам, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад».
Сулҳ офтоби дурахшонеро мемонад, ки аз нурҳои он олам мунаввар мешавад. Бигзор, офтоби Сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо ва тамоми ҷаҳон нурафшон бошад. Бигузор, гуфтаҳои зерини Пешвои муаззами миллатамон шиори зиндагии мо бошад: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред».
Муъмин Шамсидинов,
дотсенти Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»