​Дарси кушоди таҷрибаомӯзон дар мавзуи “Сохти исм”

Донишҷӯёни курси чоруми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд дарси намунавӣ гузарониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс дар мавзуи “Сохти исм” сурат гирифта, ба ин ташаббус хонандагони синфи 5 ҷалб гардиданд.

Дар ҷараёни дарси мазкур мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсент Замира Сатторова, роҳбар-педагог Машҳура Носирова, роҳбар-психолог Равшан Собитов, директори муассисава дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Таҷрибаомӯзон мавзуи дарсро ба хонандагон шарҳ дода, бо истифода аз аёният ва воситаҳои муосири таълим махсусиятҳои исмро фаҳмониданд.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён як ҳафтаи дигар давом намуда, ин раванд имконият медиҳад, ки донишҳои назарии онҳо татбиқ гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ