​Дарси кушоди тарбиявӣ: “Ҷавонони Тоҷикистон зидди истифодаи маводи мухаддир”

Дар факултети математика бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи алгебра ва геометрия дарси кушоди тарбиявӣ доир шуд. Ин ташаббус ба мавзуи “Ҷавонони Тоҷикистон зидди истифодаи маводи мухаддир” бахшида шуд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм иштирок намуда, бо маърӯза баромад намуданд.

Ҳамзамон, доир ба мавзуъ навори тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар идома роҳҳои пешгирии истифодаи маводи мухаддир ва оқибатҳои номатлуби он аз ҷониби омӯзгорон баррасӣ шуд.

Қисмати саволу ҷавоб дар охири дарс бо иштироки фаъоли донишҷӯён баргузор шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ