Дарси кушоди таҷрбаомӯз: "Сохти исм: исми сода"

Донишҷӯёни соли сеюми факултети филологияи тоҷик дар доираи раванди таҷрибаомӯзӣ дарси кушод гузарониданд. Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷӯ Самадова Дилфуза дар доираи таҷрибаомӯзӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№15-уми шаҳри Хуҷанд ба номи Қодир Раҳимов ҷараён дорад, бо ҷалби хонандагони синфи 5 "в" дарси кушод доир шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод дар мавзуи "Сохти исм: исми сода" сурат гирифта, мавзуи нав тариқи намоиши навор ва бо истифода аз муаррифӣ (презентатсия) шарҳ дода шуд.
Ҳамзамон, дар доираи дарс усулҳои гуногуни таълим, аз ҷумла, "Блитс-пурсиш", кор бо луғат, рӯзномаи "Дубахша", "Ангезиши зеҳн", "Кластер", "Диаграммаи Венн" ва тахтаи электронӣ самаранок истифода гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил