Дарси кушоди онлайнӣ аз фанни "Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ"

Аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Оқилова Дилфуза дар гурӯҳи 302 аз фанни "Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ" дарси кушоди онлайнӣ баргузор шуд. Мавзуи дарс “Tourism and Travelling” унвон шуд.
Дарси мазкурро омӯзгорон, намояндагони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва кормандони раёсати донишгоҳ тариқи онлайн тамошо карданд. Омӯзгор дар оғоз бо бозии дедактивӣ муҳити равонии мусоид фароҳам овард.
Ҳангоми дарс донишҷӯён ба гурӯҳҳои "Tourism" ва "Travelling" тақсим шуда, дар машқҳои фаъол ширкат варзиданд. Машқҳои пешниҳодшуда барои рушди малакаҳои фикрронӣ ва нутқии донишҷӯён хеле муассир буданд.
Омӯзгор бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ, ба донишҷӯён имконият дод, ки худро фаъолона нишон диҳанд ва донишҳои худро амалӣ созанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил