​Дарси кушоди донишҷӯён дар доираи равнади таҷрибаомӯзӣ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни курси 5-уми ихтисоси форсӣ-англисии факултети забонҳои шарқ аз рӯйи ихтисоси дуюм ҷараён дорад.

Таҷрибаомӯзон дар ҷараёни фаъолияти худ аз нозукиҳои касби омӯзгорӣ аз наздик шинос шуда, мувофиқи ҷадвали таълимӣ дар синфҳои 8 ва 9 аз фанни забони англисӣ дарс гузаштанд.

Дарси кушоди таҷрибаомӯз Тоҷиев Асрор дар синфи 8 “в” ва дарси Қурбонов Муҳаммадшариф дар синфи 5 “а” дар мавзуи «Қитъаҳои олам» сурат гирифт.

Дар ҷараёни дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ мавзуъ барои хонандагон шарҳ дода шуд.

Чунин ташаббус аз ҷониби таҷрибаомӯзон идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ