​​Дарси кушод: Тарзи гузаронидани реаксияҳои сифатӣ бо карбоҳидрогенҳо"

Дар кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ аз ҷониби ассистенти кафедра Ҳамроқулова дарси кушод гузаронида шуд. Дарс бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси химия аз фанни техникаи корҳои лабораторӣ дар мавзуи "Тарзи гузаронидани реаксияҳои сифатӣ бо карбоҳидрогенҳо" сурат гирифт.

Дар дарс намояндаи раёсати донишгоҳ, сардори Маркази иттилоот ва таҳлил Ҳодибоев Фаридун ва садорати факултет иштирок намуданд.

Дар доираи дарс усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои муосири техникӣ самаранок истифода шуд.

Масъулин пас аз анҷоми дарс андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолият маслиҳатҳои муфид манзур намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ