Дарси кушод дар мавзуи “Ҳиссачаҳои саволӣ дар забони арабӣ”

Дар факултети забонҳои шарқ дарси кушод аз фанни “Грамматикаи забони арабӣ” баргузор гардид. Дарси мазкурро муаллими кафедраи Грамматикаи забони арабӣ Абдуллоева Марям бо гурӯҳҳои 203 ва 212 ихтисосҳои арабӣ-англисӣ ва арабӣ-фаронсавӣ дар мавзуи “Ҳиссачаҳои саволӣ дар забони арабӣ” гузаронид.
Муаллима Абдуллоева бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, тавонист мавзуи дарсро ба таври равшан ва муассир ба донишҷӯён шарҳ диҳад. Бо истифодаи тестҳо, саволу ҷавобҳои интерактивӣ ва мисолҳои амалӣ, ӯ донишҷӯёнро ба муҳокимаи фаъолона ҷалб кард. Донишҷӯён бо шавқу рағбат ба саволҳо ҷавоб дода, малакаҳои забондонии худро нишон доданд.
Мақсади асосии дарси кушод бедор кардани шавқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши грамматикаи забони арабӣ ва таҳкими малакаҳои онҳо мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил