Дарси кушод дар кафедраи филологияи араб

Дар факултети забонҳои шарқ дарси кушоди донишгоҳӣ аз тарафи устоди кафедраи филологияи араб Саидғанизода Саидсултонхон доир шуд.
Дарси мазкур бо донишҷӯёни гуруҳи 201 гузаронида шуда, ба мавзуи “Латифаҳо” бахшида шуд.
Дар ҷараёни дарс тамоми воситаҳои техникӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, компютер ва проектор ба таври самаранок истифода гардиданд. Ҳамчунин, усулҳои фаъоли таълим ва методҳои муосир ба монанди Т-нақша, МДД, дарахти дониш ва инъикоси дарс татбиқ шуданд.
Фаъолнокии донишҷӯён бо ҷавобҳои пурмазмун ва иштироки фаъолонаашон эҳсос мегардид. Онҳо бо забони арабӣ, ки забони омӯзишии онҳо маҳсуб мешавад, озодона суҳбат карда, маърифати баланди хешро нишон доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил