​Дарси кушод аз фанни география

Дар МТМУ №28 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди таҷрибаомӯз Ёқубова Гулноза доир гардид. Дарси кушод дар синфи 6 оид ба мавзуи “Кӯлҳо” аз фанни география гузаронида шуд.

Дар доираи дарси кушод таҷрибаомӯз аз усулҳои фаъоли таълим, аз аёниятҳои дарсӣ истифода намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дарси кушоди таҷрибаомӯзон мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он татбиқи донишҳои назарӣ ва таҳкими маҳорати касбии омӯзгорони оянда унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ