​Чорабинӣ: Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Дар факултети биология ва химия таҳти унвони “Пешгирӣ аз бемории коронавирус” чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи тиббӣ-биологӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинии мазкур садорати факултет, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси тиббӣ-биологӣ ширкат варзиданд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби омӯзгорон маърӯзаҳо шунида шуда, доир ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани системаи иммунӣ ва таърихи пайдоиш, хусусиятҳо ва роҳҳои пешгирии коронавирус таҳлилҳо манзур гардид.

Намояндаи Маркази назорати санитарии эпидемиологӣ дар шаҳри Хуҷанд Каримова Гулрухсор оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт ва чораҳои муҳофизатӣ дар байни аҳолӣ ибрози назар намуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии донишҷӯён роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ