БОЗТОБИ МАСОИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРОМИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР
Масоили терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ тайи солҳои охир бо дарназардошти ба мушкилии умумисайёравӣ табдил ёфтанаш таваҷҷуҳи ҷомеаи мутамаддин ба он афзудааст. Он яке аз мавзуъҳое ба шумор меравад, ки пайваста дар сархати расонаҳои чи дохилӣ ва чи хориҷ қарор дорад.
Зеро таҳдиду хатарҳои ин падидаи номатлуб барои пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон мавриди таҳлил ва баррасии коршиносони сатҳ ва соҳаҳои мухталиф қарор гирифтааст ва ҷомеаи башарӣ барои решакан намудани ин равияҳои хатарзо пайваста талош доранд.
Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои модии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамъият хавфнок маънидод гардидааст.
Ду падидаи номатлуб терроризм ва экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки ин дар алоҳидагӣ низ хатаре барои насли башар мебошад.
Воқеан терроризм падидаи номатлуб буда, дар фаҳмиши он содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, ба гаравгон гирифтани мардум, тарконидани иншоот, хиёнат, таҷовуз ва амсоли инҳо мебошад. Ҷавононро зарур аст, зиракии сиёсиро ба кор баранд ва фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ гашта, худ ва наздиконашонро зери хатар нагузоранд.
Мақсад аз овардани мисолҳо дар он аст, ки мавзуи терроризм ва падидаҳои номатлуб, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, мубрамияти мавзуъро тақозо месозад ва ҳамзамон матбуот инъикосгари ҳаёти ҷомеа мебошад, баҳри маърифатнокии мардум ва баланд бардоштани тафаккури тамоми қишри ҷомеа саҳмгузор аст.
Терроризму экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубест, ки дар нимаи дуюми асри 20 мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳарчи бештари коршиносони соҳа қарор гирифт. Зеро он мудҳиштарин ҷиноят дар ҳаёти инсонӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба изтироб овардааст.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм ва экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо дар воситаҳои ахбори омма хабару мақолаҳои зиёд ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддунро бетараф гузошта наметавонад. Мо низ мекӯшем, нисбати чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри шукуфоии кишварамон саҳми арзанда гузошта бошем.
Матбуот дар мавриди баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ саҳми бузург дошта, барои дастрасии иттилоот ҷаҳду талош меварзад. Маърифати аҳолӣ тариқи матбуот то андозае назаррас ба роҳ монда шудааст.
Зимни таҳлил мо аз ду рӯзномаҳо ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ истифода намудем то фаҳмем, ки мавзуъҳо дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ чи тавр баррасӣ шудаанд.
Мавзӯи терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ дар саҳифаҳои матбуотӣ чи ҳукуматӣ ва чӣ хусусӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо намудааст, ки ин ба тезутундшавии фаъолияти ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақаҳои ҷудогона ва афзоиши таваҷҷуҳи аудитория ба ин мавзӯъ тавъам аст.
Рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бозтоби масъалаи ифротгароӣ аз нигоҳи фарогирии масъала ва шакли пешниҳод махсусиятҳои худро доранд.
Рӯзномаи “Ҳақиқати Cуғд” дар инъикоси масоили тундгароӣ вижагиҳои худро дорад. Муваффақиятҳои рӯзнома дар ин самт кам нестанд. Аммо як камбудии рӯзнома дар самти инъикоси мавзуи мазкур мавҷудияти мавод ва андешаҳои такрориву обшуста дар саҳифаҳои рӯзнома мебошад.
Ҷиҳати инъикоси мавзуи мавриди назар рӯзномаи “Фараж” аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, баъзе бартариятҳоро дорад, ки сифати маводи журналистӣ афзалияти асосии маводи рӯзномаи авваларо ташкил медиҳад.
Боиси зикр аст, ки маводи ҳарду то ҷое бозгӯйкунандаи асли масъала ҳастанд, аммо дар ин радиф аз камбудиҳо орӣ нест ва минбаъд ислоҳи камбудиҳо ҷиҳати таъмини талабот ва меъёрҳои инъикоси масъала ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта равона гардидаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.
Бешубҳа, имрӯз терроризм ва ифротгароӣ барои пешрафт ва нумуи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намудааст. Иттилоотнокии мунтазами ноболиғону ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва тундгароӣ барои ояндаи орому осоиштаи кишвар мусоидат менамояд.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат мебошад, ки хусусиятҳои руҳиву равонии аъзои ҷомеа ва ифтихори созандагии миллиро инъикос менамояд.
Вобаста ба ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намуди дигари ҷинояткорӣ тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ бо роҳи шинос намудани ҷавонон бо манфиатҳои миллию ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани тафаккури оштинопазир ва муқовимату мубориза бо амалҳои номатлуб, инчунин ақидаю гурӯҳҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ андешида мешаванд.
Махсусан, механизми иттилоотонию муқовимат дар фазои иттилоотӣ ҳамчун як самти асосии фаъолият ба таври густурда амалӣ карда мешавад.
Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он ва руҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.
Бозорбой Розиқов,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳаншиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»