​Боздиди муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед аз донишгоҳ

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таълимӣ, шароити техникиву инфрасохторӣ ва омодагӣ ба мавсими имтиҳонҳои тобистонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед аз як қатор факултетҳои он боздид ба амал овард.

Муовини раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарияти факултетҳо ва омӯзгорон татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, мулоқот бо аҳли зиё ва иҷрои бомароми стратегияву барномаҳои марбутаи давлатии соҳаи маориф ва илми кишварро хеле муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин таъкид рафт, ки супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ низ таҳти назорати мунтазам қарор дода шуда, ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани раванди таълиму тарбия, ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти амалӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбиявии донишҷӯён ташаббус зоҳир шаванд. Ӯ афзуд, ки имрӯз донишгоҳҳо на танҳо маркази омӯзиш, балки ҳалли масъалаҳои амалӣ ва таҳқиқоти илмии замонавӣ низ ҳастанд.

Дар доираи боздид Ҷӯразода Ҷамшед бо фаъолияти маркази тестӣ, ки яке аз муҳимтарин бахшҳо дар раванди арзёбии дониш ва сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимии донишҷӯён маҳсуб меёбад, шинос гардид. Зимни боздид ба масъалаи шаффофият ва механизми назорати натиҷаи имтиҳонҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Масъулин вобаста ба тарзи ташкили санҷишҳо, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла камераҳои мушоҳидавӣ ва серверҳои муҳофизатшуда маълумот доданд. Ҳамзамон, муовини раиси вилоят аз факултетҳои филологияи тоҷик, биология-химия, математика, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, физика ва техника, санъати тасвирӣ ва дизайн боздид намуда, бо синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳои таълимӣ-илмӣ, китобхонаҳои электронӣ, шароити фароҳамовардашуда барои омӯзиш ва пажӯҳиш ва раванди таълиму давомоти донишҷӯён ошно гардид.

Зимни мулоқот бо муовинони ректор, устодон ва донишҷӯён масоили гуногуни марбут ба сифати таълим, таҳқиқоти илмӣ, вусъати корҳои тарбиявӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, иштироки ҷавонон дар озмуну форумҳо, инчунин сатҳи забондонӣ ва қобилияти рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми боздид Ҷӯразода Ҷамшед фаъолияти донишгоҳро дар самти ташкили муҳити илмиву таълимӣ, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва таъмини шароити муосир барои донишҷӯён мусбат арзёбӣ намуд.

Ӯ дастур дод, ки дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ширкатҳо ва муассисаҳои маҳаллӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тадқиқотҳои амалӣ бештар роҳандозӣ шаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои нав ва таҳқиқоти мустақил таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ