БАРРАСИИ «МУАММОҲОИ МУОСИРИ ФИЗИКАИ ФУНДАМЕНТАЛӢ ВА АМАЛӢ» АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ СОҲА
Дар толори раёсати Донишгоҳ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири физикаи фундаменталӣ ва амалӣ» баргузор гардид.

Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Мӯсо Олимҷонов ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сиёсати фардонамову фардоафрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона ба садаи ХХI – асри илму техника ворид гардид. Гуфта шуд, ки Сарвари давлат ба масоили рушди илму техника таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» яке аз ин гуна ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат ба шумор меравад.
Баъдан номзади илмҳои физика-математика, дотсент, ходими пешбари илмии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон З.Низомов дар мавзуи «Исследование фазового перехода в образцах из стали 45 различного диаметра методам охлаждения», дотсенти кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ш.Х.Халифаева дар мавзуи «Аэрозольные характеристики пылевой бури в Душанбе (4-6 июля 2022 г.) По данным лидера POLLY XT» (тариқи онлайн), доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника М.Ф.Умаров дар мавзуи «Исследование качества лекарсвенных препаратов физическими методами», дотсент, мудири кафедраи электроникаи факултети физика ва техника З.Н.Юсупов дар мавзуи «Тадқиқи вайроншавии маводи гетерегонӣ бо методи акустоэмиссионӣ», дотсент, декани факултети физика ва техника А.Қ.Қаюмзода дар мавзуи «Олимони бофазилат ва барӯманд» бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил