​БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ САТҲИ ДОНИШГОҲӢ

10 феврали соли 2026 дар факултети забонҳои шарқ дарси кушоди сатҳи донишгоҳии Каримова Мутриба – муаллими калони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ аз фанни «Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ» бо иштироки донишҷӯёни курси сеюм баргузор гардид.

Ҳадафи асосии дарси кушод такмили малака ва маҳорати нутқи шифоҳӣ ва хаттии донишҷӯён, рушди тафаккури интиқодӣ, тавсеаи захираи луғавӣ ва таҳкими дониши грамматикӣ дар раванди муоширати фаъол ба забони англисӣ арзёбӣ гардид.

Дарс дар асоси талаботи барномаи таълимӣ ва бо риояи меъёрҳои методии муосир роҳандозӣ шуда, бо истифода аз воситаҳои техникии таълимӣ ва маводи аёнӣ ғанӣ гузаронида шуд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин дарсҳои кушод барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим мусоидат менамояд.

Баргузории дарси кушоди мазкур бори дигар собит сохт, ки ҷорӣ намудани равишҳои навоварона ва усулҳои интерактивӣ дар раванди таълим ба рушди қобилиятҳои коммуникативии донишҷӯён ва баланд гардидани сифати донишандӯзӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ