Аз таърихи пайдоиши амалҳои амалҳои коррупсионӣ ва роҳҳои муосири муқовимат ба он

Имрӯз мо дар раванди љањонишавии фарњангњои гуногун, манфиатҷӯии баъзе давлатҳои абарқудрат қарор дорем ва љомеаи љањониро муаммоњои зиёд аз қабилитерроризм, экстремизми динї, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣфаро гирифтаанду ташвиш медиҳанд.
Коррупсия ҳамчун яке аз зуҳуроти номатлубу хатарнокии ҷомеа мисли ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои дигар таърихи қадима дошта, ба рушди устувори сохтори идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Агар ба таърихи қадимаи инсоният ва давлату давлатдорӣ назар афканем маълум мегардад, ки коррупсия падидаи нав набуда, он решаҳои хеле қадима дорад. Доир ба мавҷудияти он дар сохтори идоракунии давлатҳои қадим аз сарчашмаҳои таърихӣ ва осори мутафаккирон мушоҳида кардан мумкин аст.
Аввалин рисолаи таърихие, ки содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро маҳкум намудааст, ин Артха Шастра ба ҳисоб меравад. Рисолаи мазкур аз ҷониби яке аз вазирони Бҳарота (Ҳиндустон) дар асри IV пеш аз милод бо тахаллуси Каутиля нашр шудааст.
Дар бораи фасоди молӣ аввалин рисола аз ҷониби Д. Вай пешниҳод гардида, дар он чунин қайд шудааст: «молу мулки подшоҳ аз ҷонибиназоратбарандагони ин амвол ҳатман ба андозае азонихуд карда мешавад».
Дар Рими қадим зиёда аз 40 намуди порахўрӣ мавҷуд буд ва дар Маҷмўи ќонунҳои «Дувоздаҳ ҷадвал” истилоҳи «corrumpere» ба маънои «бо пул иваз кардани нишондод дар суд» ва «ба судя ришва додан» истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд.
Дар замони мавҷудияти давлати Ҳахоманишиҳо, ки ҳудуди давлати мо ба ин империяи бузург дохил мешуд дар дарбори шоҳаншоҳ Шӯрои ҳафтгона ё Шӯрои хирадмандон чун сохтори машваратӣ амал карда, узви он хирадманду донишмандон, донандагони моҳири қонун, аҳкоми дин, суннату анъанаҳои миллӣ буданд ва дар масъалаҳои муҳими умури давлатдорӣ маслиҳатгари шоҳаншоҳ ҳисобида мешуданд.Мувофиқи ахбори муаррихи Юнони Қадим Геродот дар давраи шоҳ Камбиз як нафар узви ин Шӯро, ки Сисамнес ном дошт, барои содир намудани ҳукми ғайриодилона, яъне ришва гирифтан ба муҷозоти сангин гирифтор шуда буд. Бо фармони шоҳаншоҳ ӯро зинда пуст канда, курсиашро (курсии қозигиро) бо пӯсти ӯ мепӯшонанд ва ба ҷои қозии қатлшуда ба ин мансаб писари ӯ таъин мегардад. Подшоҳ ба қозии нав чунин ишора мекунад, ки “пеш аз ҳукм баровардан ҳамеша ба курсии худ назар кун ва сарнавишти падаратро ба ёд ор”. Ин қисса аз мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ ва ҷазои сангин барои содир намудани онро гувоҳӣ медиҳад.
Дар дини мубини ислом, ки аксари аҳолии кишвари мо пайрави он мебошанд ришвахӯриро ҳамчун амали ифлос, ғайришаръӣ ва ҳаром мешуморад. Дар сураи Бақараи “Қуръон”чунин омадааст, ки ғайриқонунӣ моли якдигарро азхуд накунед ва бо ин мол қозиро нахаред, дидаву дониста моликияти шахсони дигарро азхуд накунед. «Моли якдигарро ба ҳаром нахӯред ва ба қозиҳо ришва надиҳед, то як қисми моли мардумро ноҳақ аз худ бигиред, дар ҳоле ки бидонед, ки бо ин гуноҳ содир мекунед» (Қуръон, Бақара: 188).Яке аз фақеҳони машҳури ислом Имом Содиқ чунин фармудааст: “порагирӣ дар суд баробари инкор кардани Оллоҳ мебошад”. Гузашта аз ин, воҷаи «пора» ҳанӯз дар китобњои муќаддаси Таврот ва Инљил ҳамчун амали оварда шуда буд: «Тӯҳфаҳо напазиред, зеро ҳадяҳо дидагонро кӯр мекунанд ва кори њаќро гардон мекунад».«...Ман медонам, ки ҷиноятҳои шумо то чӣ андоза зиёд аст ва гуноҳҳои шумо то чӣ андоза вазнин аст: ба ҳақ зулм мекунед, пора мегиред ва гадоеро, ки аз дасти мардум адолат меҷӯяд, аз дарвозаҳо меронед».
Ришвахурӣ дар солномаҳои асри ХIII –и рус низ қайд шудааст. Аввалин маҳдудиятҳои фаъолияти коррупсионӣ дар Русия дар давраи ҳукмронии Ивани III амалӣ шуда буд. Набераи ӯ Ивани IV (Грозний) нахустин маротиба ҷазои қатлро ҳамчун муҷозот барои пораи аз ҳад зиёд дар амал ҷорӣ карда буд.
Чи хеле ки олим ва файласуфи Юнони Қадим Арасту гуфтааст “Шахсоне ки имконияти харидории қудратро доранд, ба пулу моли муфт одат мекунанд”.
Мутафаккири асримиёнагӣ Николло Макиавеллӣ коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.
Дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муњаммад Ѓиёсуддин чунин омадааст: “Ришват - он чӣ ба касе дињанд, то корсозии баноњақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гӯянд”.
Дар замони муосир муаммои мубориза бо коррупсия хусусияти байналмиллалӣ пайдо намуда, таваҷҷуҳи ташкилоти бонуфуз-Созмони Милали Муттаҳидро ба худ ҷалб намудааст.
Таърихи 31 октябри соли 2003 Асамблеяи генералии СММ “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”-ро қабул намуд ва санаи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ баргузор карда шуд.
Конвенсияи мазкур дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар миқёси ҷаҳон нақши муассир гузошт ва минбаъд тасмим гирифтанд, ки санаи 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” таҷлил карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонсанаи 25 сентябри 2006 ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ гардида, аз 16 апрели соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Конвенсияи СММ зидди коррупсияро ратификатсия намуд, ки минбаъд дар таҳкими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия саҳми сазовор мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз душвориҳои солҳои аввали истиқлолият хатари амалҳои номатлуби коррупсияро дарк намуда, мубориза бар зидди ин фасод ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии онро ҳанӯз аз солҳои 1998-1999 оғоз карда буд. Барои чораҳои муқовимат бо коррупсия бори нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия»,таҳти №1262, аз 21 июни соли 1999 интишоргардид.
Аз 2 июни соли 2004 дар сохтори Прокуратураи генералии Раёсати мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуд, ки то моҳи декабри соли 2006 фаъолият намуд. Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия аз 10-январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Созмон ёфтани ин мақомот гардиши куллӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Тоҷикистон гардид.
Дар заминаи муқаррароти Конвенсия қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ташаккул ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, се маротиба Стратегия дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 барои давраи то 2030 таҳия ва тасдиқ шуда, як қатори дигар санадҳои зериқонунӣ қабул карда шуданд.
Имрӯз барои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ташкилӣ маъмурию ҳуқуқӣ мавҷуд аст, мо бояд барои пасткардани сатҳи коррупсия амалисозии қонунҳо, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсиониро дар тамоми зинаҳои идоракунии давлатӣ таъмин намоем, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандонро дар самти муқовимат ба коррупсия баланд бардорем, корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, шарафу номус ва виҷдони касбии мансабдорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, замин ва дигар корхонаву муассисаҳо, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро баланд бардорем, дар зеҳни насли наврас ҳақиқатҷӯӣ, парҳезкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва адолатпарвариро ба хотири равона сохтани тамоми ҷомеа барои муқовимати шадид бар зидди коррупсия чун падидаи номатлуб ва монеаи рушди устувори давлат ва зиндагии шоистаи мардум ҷой намоем. Аз ин рӯ мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандӣ, виҷдонӣ ва инсонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Ҷабборова Ирода Иброҳимовна донишҷӯи гурӯҳи 304-уми факултети таърих ва ҳуқуқ