АЗ РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ: «ҲОЛАТИ АГРЕГАТИИ МОДДА»
Тибқи Нақшаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва гимназияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курсҳои 3-5-уми шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавии Донишгоҳ ҷараён гирифта истодааст.

Дар раванди баргузории таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби донишҷӯи соли сеюми шуъбаи таҳсилоти фосилавии факултети физика ва техника Турсуной Қодирова бо хонандагони синфи 8 «А»-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Хуҷанд дарси кушод дар мавзуи «Ҳолати агрегатии модда» ташкил ва гузаронида шуд.
Барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи хонандагон ба мавзуи дарсӣ таҷрибаомӯз дар ҷараёни машғулияти таълимӣ аз воситаҳои техникии муосир, айёният, таҷҳизоти лабораторӣ ва бозиҳои интерактивӣ истифода намуда, дарсро пурмазмун ва шавқовар гузаронид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар дарси кушод мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳ Машҳура Исмоилова, декани факултети физика ва техника Абдумалик Қаюмзода, роҳбари таҷрибаомӯзӣ, методист ва дигар таҷрибаомӯзон ширкат варзида, пас аз ҷамъбаст устодон-мутахассисони соҳибтаҷриба фикру андешаҳои худро ҷиҳати беҳтару самаранок гузаронидани дарсҳои минбаъда баён доштанд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин машғулиятҳо на танҳо таҷрибаи амалии донишҷӯёнро мустаҳкам мекунад, балки хонандагонро ба омӯзиши илму дониш ҷалб менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил