АЗ ОСОРХОНА ТО МАРКАЗИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ: БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД
Як гурӯҳ меҳмонон аз Федератсияи Русия дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд, ба МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташриф оварда, бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Парки технологииДонишгоҳ ва имкониятҳои илмию таълимӣ, фарҳангӣ ва технологии муассиса шинос шуданд.
Ҳайати меҳмононро Анастасия Максимова — мудири Хазинаи маблағгузории Русия ва СММ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари CO/RU,Катерина Адрианова — котиби дуюми Департаменти ташкилотҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Артём Власенко — мутахассиси пешбари Департаменти муносибатҳои молиявии байналмилалии Вазорати молияи Федератсияи Русия, Татьяна Романова — роҳбари раёсати ҳамкорӣ бо СММ-и Департаменти ҳамкориҳои иқтисодии бисёрҷониба ва лоиҳаҳои махсуси Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия, Намояндаи Генералии консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ташкил дода, ҳамчунинҳайати Тоҷикистонро кормандони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Шакарбек Ниязбеков ва Таҳмина Розикова, роҳбари лоиҳаи ПРООН намояндагӣ карданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Содиқ Ятимзода ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ Малоҳат Эҳсонзода, инчунин деканҳои факултетҳои филологияи рус, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, роҳбари Парки технологӣ ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, дар бораи фаъолияти Донишгоҳ ва раванди таълиму тарбия маълумот доданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз осорхонаи Донишгоҳ ва Маркази зеҳни сунъӣ дидан карданд. Ба онҳо доир ба имкониятҳои мавҷуда, самтҳои фаъолият ва нақши ин сохторҳо дар рушди илму маориф, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир иттилоъ дода шуд.
Дар охир ҳамчун рамзи эҳтиром ва сипосгузорӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, изҳори умед ва боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо густариш хоҳанд ёфт.