Ҷавонон ифтихори имрўз ва ояндаи миллатанд
Имрўз аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва лоиқ аст бигўем, ки ҷумҳурии мо ҷавон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишвар беҳтарин сиёсатро пиёда карда истодаанд ва дар ҳар суҳбату суханрониҳояшон ба ҷавонон ҳамчун созандагони фардои неки кишвар муроҷиат мекунанд.Чунончи, ҳангоми мулоқоташон бо ҷавонони кишвар санаи 21-уми майи соли 2021 чунин қайд карда буданд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрўз ба онҳо такя мекунем». Борҳо ба ҷавонон падарвор насиҳат мекунанд, ки илму дониши замонавӣ, технологияҳои муосир, якчанд забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва амалигардии инро вазифаи худ шуморидаанд: «Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омўзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».
Барои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Барои мисол метавонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро тазаккур намоем, ки бо мақсади мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо ба тасвиб расидааст. «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои «Рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022 – 2025», «Ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ» қабул гаштаанд, ки барои татбиқи амалии сиёсати давлатӣ нисбати ҷавонон нигаронида шудаанд.
Борҳо дидаем, ки ҷавонони оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархурдор гаштаанд. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чунин сиёсати маънавибунёд ва ҳидояткоронаро раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар вилояти Суғд раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати ҷавонон, дастгирии моддию маънавии онон чораю тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ мебинанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар эътимоди зиёд доранд ва дар шахсияти ҳар кадоми онҳо новобаста аз он ки писар ва ё духтаранд, ояндаи кишварро мебинанд. Барои донишомўзӣ, касбу ҳанаромўзӣ, забономўзии ҷавонон дар кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар Тоҷикистон барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштани ҷавонон литсейу омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишкадаҳо, донишгоҳҳо, марказҳои забономўзӣ, марказҳои омўзиши технологияҳои муосир амал мекунанд, ки дар онҳо ҷавонони босаодати даврони истиқлоли кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷўёни фаъолу аълохон ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сазовор мегарданд.
Дар суханронии худ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар (21.05.2021) Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: Соли гузашта (яъне, соли 2020) дар асоси дастури Роҳбари давлат зимни мулоқот бо масъулини соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст». Дар партави иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд бо фармони раиси вилоят Озмуни гирандагони стипендияи раиси вилоят доир мегардад, ки дар он донишҷўёну хонандагони фаъол иштирок мекунанд. Ҳамчунин бо фармони раиси вилоят – Раҷаббой Аҳмадзода озмунҳои «Донишҷўи сол», «Ихтироъкори сол» баргузор мешаванд, ки ин ҳам як намунаи қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омўзиши илму фан мебошад. Ҳамчунин бо фармони раиси вилоят ҳафтаи худидоракунии ҷавонон ташкил ва гузаронида мешавад, ки дар он ҷавонон фаъолона иштирок карда, бо кори роҳбарӣ ва фаъолияти мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаю муассисаҳо шинос мешаванд.
Барои рушди истеъдод ва қобилияти инфиродии ҷавонон дар мамлакати азизамон озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурўғи маърифат» амал мекунад, ки иштирокдорон ва ғолибони зиёди ин озмунҳо ҷавононанд.
Дар Тоҷикистон ҳар сол санаи 23-уми май рўзи ҷавонон ботантана таҷлил мегардад. Моҳонаи ҷавонон баргузор мешавад, ки дар доираи он чорабиниҳои фаровони маърифатӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузори ин чорабиниҳо пеш аз ҳама дар руҳияи солим тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Дар доираи озмуну мусобиқаҳои гуногун соҳибистеъдодони нав пайдо ва муаррифӣ мегарданд. Ҳамаи ин нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар арсаи зиндагӣ ба шоистагӣ ба камол расидани ҷавонон аст.
Мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқ, Тӯраева Г.Б.