Ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои он

Дар замони муосир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қувваҳои баде бо номи терроризм ва экстремизм падид омада, айни рафтору кирдори Заҳҳоки моронро такрор ва ҳатто зиёда аз он дар ҳаққи кӯдакону занон, ҷавонону калонсолон беадолатию ноинсофӣ ва ҷабр карда истодаанд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҷони одам ва тақдири ӯ бозӣ мекунанд. Бо куштор онҳоро ба қатл мерасонанд, ҳатто мехаранду мефурӯшанд. Аз рӯи маълумоти расонаҳо онҳо занҳоро азият дода, кӯдакону наврасонро низ бо мақсадҳои гуногун истифода бурда, маҷбуран узвҳои бадани онҳоро барои сарватмандони калонсол мефурӯшанд. Ин рафтори онҳо аз ваҳшоният ва кирдорҳои ғайриинсониашон гувоҳӣ медиҳад.

Терроризм – ин сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душманони сиёсию мазҳабӣ, бо роҳи зӯрӣ нобудсозӣ ва куштори сартосарӣ ба манфиати гурӯҳи тамаъҷӯю ҷоҳталаб аст.

Экстремизм – пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротгароӣ ва ифротталабӣ аст.

Гурӯҳи террористону экстремистҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ дар ҳаққи ҳеҷ кас, ҳатто кӯдакону занон ва умуман, банӣ инсон раҳму шафқат надоранд, худкомагӣ ва ифротгароӣ ба дараҷаест, ки ҷони ширини инсонӣ лаҳзае онҳоро аз кирдори бад боздошта наметавонад.

Имрӯз ба ҷабру ҷафоитеррористону экстремистон халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон гирифтор буда, ҷонибдорони ин гурӯҳҳои иртиҷоъпараст мехоҳанд, ки бештар таъсири худро ба насли наврас ва ҷавонон гузаронида бошанд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии таъсири қувваҳои иртиҷоъпарасту ифротгаро дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки ҷавонони тоҷик меросбардори миллати дар гузашта ва имрӯз сарбаланду таърихан бофарҳанг ва адолатпарвару рострав, ростқавл, ҳамешагӣ сулҳпарвару ваҳдатсаро ва соҳиби ақли солиму фиросати комил буда, ҷиҳати таъсирпазирии қувваҳои манфӣ – терроризм ва экстремизм ҳушёрии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон оид ба нуктаи болоӣ зикр намудаанд, ки «Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд».

Сарвари давлат ба қувваю нерӯи ҷавонони тоҷик боварии комил дошта, ба фаъолияти онҳо ҳамчун идомабахши кору пайкори калонсолон, ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат баъзе аз ҷавонони сустирода ва бетавфиқ ба доми фиребу найрангҳои ифротгароён фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Аз ин рӯ сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони содаю гумроҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои ифротгаро фаромада ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат қайд менамоянд, ки «…дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд».

Дар ҳақиқат, имрӯз дар Тоҷикистон барои ҷавонон имконият ҷиҳати кору фаъолият муҳайё буда, аз ҷумла, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаи иқтисодиёту кишоварзӣ, тиб, маорифу фарҳанг ва навгароӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ба қувваю нерӯи ҷавонон марбут аст.

Дар ин маънӣ низ суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо ҷолиб буда, ҷавононро ба сӯи комёбӣ ва музаффарияти нав ба нав ҳидоят менамояд:

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Ба ҷавонони тоҷик зарур аст, ки ба қадри ин боварӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа ва номбардори шоистаи миллат ба обу хоки поки Ватан, осмони софу беғубори он шукрона намуда, ҳамеша дар ҳимояи марзу буми замини аҷдодии хеш бошанд, ба ҳаракату ҳизбу ҷараёнҳои ифротгаро ва худкомаитерроризм, экстремизм ҳеҷ гоҳ ҳамроҳ набошанд, бахту саодати худ, оила ва шарафу номуси Ватани хеш – Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

АШРАПОВА З.Н. – сардори Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ