​Андешаҳои Пешвои миллат дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ

Дар паёми худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 иброз доштанд, ки Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Солҳои сипаригардида собит карданд, ки маруми кишваримо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда мебошад.

Воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосиркишвари мо ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшида истодааст. Ин ҳама дастовардҳои Истиқлолият аст, ки бо ғояҳои пешбаранда ва созандагӣ ва тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам ба воситаи истифодаи оқилонаи арзишҳои ахлоқию маънавӣсулҳусуботро дар кишварамон таъмин кардааст.

Ҳануз солҳои 90 уми асри гузашта, сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба шарофатихиради воло ва фарҳанги аслӣхалқи тоҷик ба онмуяссар гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳу созиш ва мусолеҳа пазируфта шуда, ганҷинаи фарҳанги сулҳпарвариро ғанӣ гардонид.

Соли 1997 баъди талошҳои зиёд Созишномаи оштии миллӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, дар саросари кишварамон сулҳро пойдор намуд, оташи ҷанги бародаркушро хомўш кард, дар ҷомеа фазои ороми сиёсию иҷтимоӣ, шароити мўътадили иқтисодӣ, маънавию ахлоқиро барпо намуд. Аз ҳамон лаҳзаҳо то ин ҷониб, рўзи 27 июни соли 1997 барои мардуми шарифи Тоҷикистон рўзи Ваҳдати миллӣ ва фаромўшнашаванда гардид ва ҳар сол дар саросари кишваррамон солгарди ин санаи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.

То ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, то бартараф шудани ихлофҳои байни тоҷикон фарзандонибарўмандвасодиқи Ватан ба роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талошҳо карданд, аз даҳшати ҷанги гражданӣ наҳаросида, ҷасоратуматонатиқаъвӣ нишон доданд. Дар ҷустуҷўи роҳи баромадан аз даҳшати бўҳрони сиёсиву иҷтимоӣ дар баргузории гуфтушунид, мусолеҳа ва созишу мулоқотҳо санъати баланди масъулиятнокиро дар амал татбиқ намуданд.

Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонаҳамиятиумумимиллӣпайдо намуда, ба аҳли ҷомеаи ҷаҳон,на фақат намунаи сулҳу созишро дар муқовимати дохилидавлатӣ намоиш дод, балки намунаи усули самарабахши бартараф намуданиихтилофу низоъи сарзада, бо роҳи осоишта бе истифодаи силоҳ, зўроварию таҳдид, эътироф гардид.

Созишномаи истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи машваратҳо, вохўриҳо, гуфтушунид вамаҷмўъи дигар чораҳоемебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон марҳила ба марҳила, ба амалӣ намудани онҳо ҳанўз 5 апрели соли 1994 оғоз карда буд. Пас аз ҳашт давраи гуфтушунидҳо, 21 гуфтушуниди расмӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар ин роҳи муросою созиш манфиатҳои олии миллат ва Ватанро ба мадди аввал гузошта, бо ҷидду ҷаҳд, санъати баланди музокирот ва мусолеҳаро ба роҳбарӣ гирифта, ҳама монеаҳоро аз байн баранд, бароимардуми кишвар муҳитибоэътимодисозандагиюбунёдкориро барпо намоянд.

Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ин санаи деринтизори таърихиро пазируфтанд ва санаи 27 июн бо фармони Президенти мамлакатҳар сол, ҳамчун иди умумимиллии Ваҳдат дар Тоҷикистонбо шукўҳи арзанда ҷашн гирифта мешавад.

Ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки дар як давраи душвор ва хатаровари пурталотум асосҳои давлатдории мустақили худро ҳимоя намояд, роҳи шукўҳуманзалати давлати милли хешро дарёбад, ба қадри неъмати сулҳу ваҳдат дар кишвар, осоишу амнияти Ватан ва арзишҳои умумибашарӣ расад.

Ба шарофати ин санади тақдирсозҲукумати Тоҷикистон бо дастгирии мардуми кишвар мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор намуд, зиёда аз як миллион нафар гурезагонро ба Ватан баргардонид, ба онҳо шароити зисту зиндагӣ фароҳам овард, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, қушунҳои сарҳадӣ, ҷузъу томҳои артиши миллӣ симои нав гирифтанд. Сулҳу оромӣ ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ дар кишвар роҳ кушод.

Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти байналхалқӣ низ пайдо намуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ на фақат намунаи демократияи мусолиҳа ва созишро намоиш дод, балки ҳамчун намунаи усули самарабахши бартараф намудани муқовиматҳои дохилидавлатӣ, низоъҳои минтақавӣ ва этникӣ эътироф гардид, ки бо ғояҳои пешбаранда ва созандагӣ ва тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам ба воситаи истифодаи оқилонаи арзишҳои ахлоқию маънавӣсулҳу суботро таъмин кардааст.

Бинобар ин, дар Паёми навбатӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Оромию осудагӣ, рушди бомароми ҳаёти ҷомеаи имрўза натиҷаи амалӣ гаштанӣ сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.

Бинобар ин, масъулият ва рисолати шаҳрвандииҳар яки мо аз он иборат аст, ки фарҳанги миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият васулҳу осоиштагии кишвари маҳбубамонро аз ҳама гунапайомадҳои манфӣ, аз таъсири ҳама гуна қувваҳои моҷароҷў ва ифродӣ ҳимоя кунем, ғояҳои муттаҳидӣ, якдилӣ, худогоҳӣ, худшиносиро, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд, тарғибу ташвиқ намоем.


Икромов Назирхон – н.и.т. дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ