Ҳамоиши илмӣ-амалӣ: “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ”

Таҳти чунин унвон 30-юми сентябри соли 2024 дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки устодону кормандон, докторантону унвонҷўён, магистрантону донишҷўён ва дигар алоқамандони шеъри ноб ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ба тақвими санаҳои ҷашнӣ ворид гардидани Рўзи Мавлоноро нишонаи эҳтиром ба сухан ва хирад, хусусан адабиёти оламшумули халқи тоҷик маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқлол арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги адабиву таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар сатҳи шоиста таҷлил мегардад.

“Пешвои миллат дар китоби хеш «Чеҳраҳои мондагор» ба шуҳрату мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чунин баҳои сазовор додаанд: «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ўро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза, чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ мутолиа мекунанд» - афзуд ректори донишгоҳ.

Ҳамзамон, дар суханронии ректори донишгоҳ ташаббусҳои донишгоҳ дар мавриди гиромидошти Ҷалолуддини Балхӣ, аз ҷумла маҳфилҳои илмӣ-адабии «Бишнав аз най» ва «Шоми Мавлоно», мақолаву монографияҳои алоҳидаи устодони донишгоҳ оид ба зиндагӣ ва осори Мавлоно Балхӣ таъкид шуданд.

Доктори илми филология, профессор, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии донишгоҳ Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно» ва директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, дотсент Мирсаид Баҳром дар мавзуи «Мавлоно ва таърихи эҷоди «Маснавии маънавӣ» маърӯза намуданд.

Нақши Пешвои миллат дар шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкору андешаи Мавлоно (дар ҳошияи китоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»), таърихи нигориши шаш дафтари «Маснавии маънавӣ», ташаббускори эҷоди «Маснавии маънавӣ» Ҳусомуддин Чалабӣ аз масоили меҳварии маърӯзаҳо буданд.

Бо музокира ва ироаи андешаҳои муҳиму судманд дар самти шинохту ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиш анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ