Ҳамкории оила бо мактаб дар роҳи муқовимат бо терроризму ифротгароӣ

«Ҳар касе ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҷомеаи мо дар баробари пешравиҳои ҳамаҷониба ҷомеаи бисёр ҳассос маҳсуб ёфта, аз ҳар фарди ватандӯсту мардумпарвар зиракӣ ва масъулияти бештарро талаб менамояд. Махсусан, насли калонсолонро зарур аст, дар тарбияи ҷавонон хеле ҳушёр ва масъулиятшинос бошанд. Чун дар ҷомеи имрӯз иллатҳое ба монанди терроризму экстремизм ва ифротгароӣ мавҷуданд, ки ҳар лаҳза хатаре бар ҷаҳони маънавии наврасон ва ҷавонони мо эыод мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмҳои худ доир ба пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонро дар мадди аввал гузошта, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро барои ҳар яки мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим арзёбӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоиву маънавӣ имрӯзу фардо дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва ҳамаи минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон амалҳои марбут ба террористӣ ва экстремистӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Барои мағзшӯии ҷавонон имрӯзҳо гурӯҳҳои махсуси экстремистӣ тамомӣ воситаҳоро истифода намуда истодаанд. Ба хусус шабакаҳои иҷтимоиро яке аз василаҳои муҳим барои ҷалби ҷавонон интихоб намудаанд. Бештари қишри ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо мутаассифона ками андар кам огоҳии сиёсӣ доранд, бо суханони гурӯҳҳои бадход додаву фирефтаи онҳо мешаванд.

Гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тамоюли бегонашавии ҷавонон ин огоҳии комил ва дарки воқеӣ надоштан аз равандҳои муосир ва пайрави ба нафароне, ки аз миллату тамаддуни мо огоҳӣ надорад.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон воқеияти таърихию фарҳангиро дарк намекунанд ва ё ин, ки дарк кардан намехоҳанд.

Ба ин гуна созмону ташкилотҳо ғофилона ва ноогоҳона шомил шудани ҷавонон хеле нигаронкунанда аст, дар аксари давлатҳои ин ҳолат мушоҳида мешавад. Бояд гуфт, ки дар тарбияи ҷавонон ҷомеи мо бояд муттаҳид бошад, маърифати ҷавононро аз ҳар ҷиҳат такмил бахшад.

Аслан, дар ҷомеа се ниҳоде ҳаст, ки онҳо масъули асосии таълиму тарбияи ҷавонон ҳастанд, яъне оила, ҷомеа ва мактаб муҳимтарин омилҳо дар тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад.

Тамоми хислатҳои фарзанд, ахлоқу одоб ва характери он, пеш аз ҳама, дар оила ташаккул меёбад, дар мактаб ҳар як хонанда оилаи худро муаррифӣ менамояд, шарту шароит, ҳолати иҷтимоиву маънавии оила дар фарзанд инъикос меёбад. Аз ин рӯ, масъулияти бисёр баланд дар назди волидайн ҳаст, ки аввал бояд падару модар намуна бошанд ва дар таълиму тарбияи фарзандонашон сахтгиру масъулиятшинос бошанд.

Албатта, яке аз вазифаҳои асосии падару модар тарбияи фарзанди солеҳ барои ин Ватан ва ин миллат аст. Ҳар як оила чунин масъулиятро ҳис кунад ва аз рӯи он амал кунад дар тарбияи фарзандон сахтгиру серталаб ва дар баробари онмеҳрубону дилсӯз бошад, ҳаргиз фарзанди ноқобил ба воя намерасад. Дар ин ҷараён ба волидайн мактаб ва муаллим ёрирасони асосӣ маҳсуб меёбад.

Бояд таъкид сохт, ки тарбия кори доимӣ, мунтазам ва якумра аст, чун ин дар як моҳу як сол самара намедиҳад. Аз ин рӯ, дар тарбияи ҳар як фарзанд ҳар як аъзои ҷомеа, махсусан, мактаб хеле масъул аст, ки бо якҷоягӣ бо оила барои дар роҳи дуруст тарбия ёфтани фарзанд мусоидат мекунад.

Барои ба ин ҳадаф расидан дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгор худ аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошад, ҳамчунин дорои донишҳои замонавӣ ва қавӣ бошад, ки шогирдонашро қонеъ карда тавонад.

Дар ҳоле, ки худи устод ҳам бо амал ва ҳам бо сухан ҳақиқатан ватандӯст аст, муқобил ба душманони ватану миллат аст, шогирдон албатта аз ин гуна устодон бечунучаро намунаи ибрат мегиранд.

Омили дигаре, ки аксари ҷавонон шомил ё мубталои доми гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, дар ин синну сол на тафаккури ҷавонон пурра шакл гирифтаву мустаҳкам шудааст ва на аз ҷиҳати физикӣ онҳо ташаккул ёфтаанд дар баробари ин аз ҷиҳати зеҳнӣ хеле осебпазир мебошанд.

Дар ин гуна шароит дар бари онҳо будани волидайн, устодон ва умуман нафароне, ки ба тақдири каси дигар бетараф нестанд, бисёр зарур аст.

Аз ҳама муҳим дониши қавӣ доштани ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки асосан аз камсаводӣ ва ноогоҳӣ фарзандони халқ ба ҳар гуна ваъдаҳои дуруғи душманони миллат бовар мекунанд ва ҳаёти худро месӯзонанд.

Дар тӯли таърих борҳо исбот шудааст, ки вақте ҷавонон, аксарияти шаҳрвандон ватандӯстанд, меҳнатдӯстанд, самимона ватанро дӯст медоранд, миллатро дӯст медоранд ва ҳамеша дониш меомӯзанд, ки ин ватанро созанд дар ин ҳол умри ин ватан, умри ин миллат дароз мешавад, чунки аз насл ба насл ончие мо мерос мегузорем ин ватан аст. Бо ҳисси ватандӯстӣ ба камол расонидани ҷавонон бошад, аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Агар мо ба ин ҳадаф расем, онҳое ки мақсади ба терроризм, экстремизм шомил кардани ҷавононро доранд, ба ягон натиҷа расида наметавонанд.

Имрӯзҳо, мо мушоҳида менамоем, ки аз рӯи таҷриба дар бештари давлатҳои руи дунё аллакай бояд дар шароити феълӣ, ҳар фарди огоҳ агар заррае дарк карда тавонад, фаҳмиш дошта бошад, бояд арзиши истиқлолият, арзиши озодӣ, арзиши суботи сиёсӣ ва муқаддас будани ин неъматҳоро бидонад, чун бе доштани истиқлолият, амнияту оромӣ зиндагии ором нест.

Аз ин рӯ, дар ҷомеи мо ҳамкории мактаб, оила ва ҷамъиятро дуруст ва ҷоннок ба роҳ монда, дар тарбияи наврасону ҷавонон хеле ҷиддӣ бояд муносибат кард. Яъне мо аз дилу ният, рафтору кирдор, амалҳо, муносибат бо атрофиён ва аз ҳар гуна ҳаракатҳои онҳо бояд огоҳ бошем, назорат кунемва дар вақташ хатои онҳоро ислоҳ намоем. Дар аксар маврид ба чунин роҳҳои номатлуб гаравидани ҷавонон аз беэътиборӣ ҳам сар мезанад.

Имрӯз махсусан аҳли зиёиро хеле муҳим ва зарур аст, ки дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, гуфтаҳои сарвари давлатро ба амал татбиқ намоянд ва дар тарбияи дурусти ҷавонон бетараф набошанд


Қаюмова Ф. А. – дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ