Ҷамъбасти ҳафтаи забони англисӣ дар факултети забонҳои шарқ

Бо мақсади татбиқи “Барномаи давлатии такмили забонҳои русӣ ва англисӣ то давраи 2030” дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забони англисӣ аз 14 то 21 декабри соли 2024 давом намуд. Ин чорабинӣ, ки аз ҷониби кафедраи забони англисӣ ташкил шуд, ба рушди малакаҳои забондонӣ ва ташаккули истеъдодҳои забони англисӣ миёни донишҷӯён равона гардид.
Дар доираи ҳафтаи забони англисӣ 14 чорабинии гуногуни илмӣ, маърифатӣ, зеҳнӣ ва адабӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисосҳои “арабӣ-англисӣ,” “форсӣ-англисӣ,” “хитойӣ-англисӣ” гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус озмунҳои "Беҳтарин гӯяндаи тезгӯякҳо ва маънидодкунандаи зарбулмасалҳо", "Эссеи беҳтарин", "Ҳуруфчини беҳтарин", "Муаррифии беҳтарин", "Саҳнаи беҳтарин", "Суруди беҳтарин", "Шеърхонии ифоданок", "Роҳбалад-тарҷумони беҳтарин", "Сабти видеоии беҳтарин" роҳандозӣ шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти ҳафта Эҳсонзода Малоҳат, декани факултет таъкид намуд, ки ташкили чунин озмунҳо имконияти беҳтарин барои рушди дониш ва малакаҳои забондонӣ мебошад.
Ғолибони озмун бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил