ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ: ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Дар толори раёсати Донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҷаласаи навбатии раёсати Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти комиссияи экспертии раёсати таълими Донишгоҳ, шунидани ҳисоботи раҳбарони лоиҳаҳои илмӣ ва омодагии Донишгоҳ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар соли таҳсили 2025-2026 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни баргузории ҷаласа муовинони соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва деканҳои факултетҳоро муваззаф намуд, ки дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои тасдиқгардида бо масъулияти баланд амал намуда, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тақвияти фаъолияти илмӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи донишгоҳ ба фасли зимистон чораҳои мушаххас андешанд.
Дар идома ректори донишгоҳ масъулинро ба иҷрои босифати қарорҳои ҷаласаи раёсат муваззаф сохт ва таъкид намуд, ки бо масъулияти баланд иҷро намудани вазифаҳо ва рисолати касбӣ мақоми ин боргоҳи илму маърифатро дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба маротиб меафзояд.
Бо қабули қарорҳои муҳим ва созанда ҷаласаи раёсати донишгоҳ анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил