​Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ: Муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва стратегӣ

Дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ, ки таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид, масоили муҳими марбут ба фаъолияти донишгоҳ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ах рӯи рӯзномаи ҷаласа раиси гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика Икромова Инобатҷон дар мавриди беҳдошти сатҳу сифати таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар факултети физикаю техника ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №1808 аз 23.12.2021 «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 аз 1-уми июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд гузориш дод. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши кафедраҳо ва факултетҳо дар татбиқи ин санадҳо ва фаъолияти тарбиявӣ дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб равона шуд.

Дар идома мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, Маҳмудова Назира, дар бораи мониторинги сифати таълим аз фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ дар факултетҳои донишгоҳ натиҷаҳои таҳлили гурӯҳи кориро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, Директори Парки технологӣ Бобоҷонов Ш. доир ба фаъолияти Парки технологии донишгоҳ дар соли 2024 ҳисоботи муфассал дод, ки дар он дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, инчунин нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи интихоби озмунӣ ва тасдиқи нархномаи таҳсили донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон (PhD), унвонҷӯён, толибилмони курсҳои тайёрӣ ва истиқоматкунандагони хобгоҳҳо барои соли таҳсили 2025-2026 муҳокима шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҳисоботи масъулинро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ