ҶАЛАСАИ КОРИИ КИИ ҲХДТ БА НОМИ “БОБОҶОН ҒАФУРОВ”
Дар назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба номи “Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи корӣ доир гардид.
Ҷаласа бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ва ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони кумитаҳои ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар доираи ҷаласа ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ давоми як соли охир шунида шуда, зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб бо дастгирӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоштанд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардида, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин раис интихоб гардид. Аъзои нав аз ҳисоби фаъолони ҳизбӣ, шахсони масъул ва соҳибтаҷриба интихоб шуда, ҳадаф таъмини фаъолияти самараноки кумита ва татбиқи барномаҳои оянда унвон шуд.
Ҷаласаи навбатии мазкур бо қабули қарорҳои дахлдор анҷом ёфт. Аъзои ҳизб таъкид намуданд, ки минбаъд низ бо масъулияти баланд ва ваҳдати созанда барои амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Дар фарҷоми ҷаласа ба аъзои нави ҳизб аз ҳисоби донишҷӯён шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил