​Ҳафтаи илм: силсилаи чорабиниҳо дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омузгорӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” як қатор чорабиниҳо доир гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом муаррифии китобҳои илмӣ, конференсияи илмӣ-амалӣ, озмунҳои иншои беҳтарин, диктант ва нақли хаттӣ, мизи мудаввар, озмунҳои "Расмкаши беҳтарин", "Фурӯғи субҳи донӣ..." баргузор гардиданд.

Дар чорабиниҳои мазкур доираи васеи устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ