Ҳафтаи илм дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи илм дар факултетҳои донишгоҳ бо гурӯҳҳои академӣ дар мавзуи «Пешвои миллат - сиёсатмадори барҷастаи тоҷикон ва роҳнамои ҷавонон» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар доираи ин ташаббус нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи тоҷикон ва таҳкими нуфузи тоҷикон дар арсаи байналмилал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хониши сиёсӣ бо табодули афкор ва суолу ҷавоб анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил