Адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ
Дар тамоми даврони ҳаёти сиёсии мардуми тоҷик ҷараёнҳои мухталифи фарҳангӣ, доираву макотиби адабӣ амал мекарданд, ки зиндагии мардумро ба маънавиёт, илму маърифат, шинохти асрори олам, раҳоӣ ҷустан аз хурофоту ифротгароӣ пайванд месохтанд.
Хушбахтона, чунин равандҳои маърифатпарвариро шахсиятҳои бузурги адабиву ҳунарӣ дар кулли адвори таърихи миллат сарпарастӣ менамуданд ва аз фурўѓи донишу ҳикмати онҳо ҳазорони дигар баҳраманд мегардиданд. Яке аз онмаорифпарвароншоир, нависанда ва файласуф Аҳмади Дониш мебошад, ки дар асрҳои хеш бобатихатари хурофот ва ифротгароӣ барои пешрафти ҷомеа ва халқу миллатизҳори анадеша намуда, ба ин василабарои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардум, баҳри раҳои ёфтан аз бидъату хурофот, кидар ҳаммаи давраҳоомили пастравӣ ва ҷаҳолати мардум, сар задани ҷангу бедодгариҳо ба ҳисоб мерафт, мубориза мебурданд.Ин қазия шаҳодати он аст, ки аз давраҳои пешин шахсиятҳои мунири таърихӣяке аз роҳҳои пешравии ҷомеаро мубориза бо хурофоту ифротгароӣ шинохта, пайваста дар асарҳои хеш ҳамин ғояҳои тамаддунофарро тарғибу ташвиқ менамуданд.
Махсусан дар Осиёи Миёна, дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ бедориву озодии равшанфикрон боиси таҳким ёфтани робитаҳои фарҳангии Аморати Бухоро бо Русияи подшоҳӣ гардида, тадриҷан роҳи Аврупо барои мардуми ин сарзамин боз шуд. Маорифпарварон, Аҳмади Дониш, ки се маротиба ба Петербург сафар карда буд, сонитар Мирзо Сироҷи Ҳаким, Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Абдурауфи Фитрат барин фозилон бо вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Аврупоро барои худ кашф намуда, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки бо ифротгароиву хурофот мубориза баранд.
Махсусан, Аҳмади Дониш, ки ба майдони илму ба ҳайси шинохтатарин чеҳраи илму адаб, фалсафаву ҳикмат ва сиёсати замон ворид шуда буд,дар баробари идома бахшиданисуннатҳои маърифатпарварии аҷдодони худ, бо эҷоди мероси барҷастаи илмиву интиқодӣ вобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоии Бухоро ҷараёни равшангариро бунёд ниҳода, дар асарҳояш барои раҳоӣ ҷустан аз ҷаҳолату таассуби динӣ, хурофотпарастӣ даъват менамуд.
Дар хусуси нақши таърихии Аҳмади Дониш ҳамчун саромади маорифпарварон адабиётшиноси чех Ян Рипка менависад, ки «аввалин нишонаҳои бедории ақидатӣ дар Осиёи Миёна аз васати асри ХIХ шуруъ мешавад. Чеҳраи мунири ин xараёни маърифатӣ Аҳмад Махдуми Дониш буд, ки барои рушди адабиёти тоxик ва ҳаёти фарҳангии дар ҳудуди Бухоро ва Осиёи Миёна таъсири муҳим дошт» .
Хидматҳои шоистаи ин нависандаи пешравро Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоxик» муфассал зикр намуда, Донишро «дурахшонтарин ситорае дар осмони тори Бухоро» номида буд».
Баъди интишори осори мунтақидонаи Аҳмад махдуми Дониш «Наводирулвақоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» тадриҷан шахсиятҳои адабӣ рў ба сиёсат ва аҳволи иҷтимоии Бухоро оварда, ҳадафҳои худро ҷиҳати таҷдиди низоми кишвардорӣ, аз байн бардоштани хурофот ва ифротгароӣ иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки афкори танқидии ин афрод бештар баъди анҷоми сафару саёҳат аз кишварҳо, билоди ободу маъмур ва пешрафта, боздид аз шаҳрҳои пурвусъати истеҳсоливу саноатӣ, орому субот рўи коғаз омадаанд. Аз ин рў, шояд баъди Аҳмади Дониш нахустин касе, ки хотироти сафари худро ба сурати китоби алоҳида таълиф кардааст, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бошад.
Китоби Возеҳ «Савонеҳу-л-масолик ва фаросиху-л-мамолик» ё «Ғароибу-л-хабар фӣ аҷоиби-с-сафар» унвон дошта, нависанда авзои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру давлатҳоро ташреҳ медиҳад. Ҳарчанд дар ин асар масоили диниву мазҳабӣ низ аз ҷойгоҳи муайяне бархурдор бошад ҳам , вале ин амр ҳаргиз бануфузи шарҳу басти матолиби иҷтимоии асар таъсире нагузоштааст. Андешаву ормонҳои пешрафтаи Раҳматуллоҳи Возеҳ қабл аз ҳама дар заминаи тарѓиби маърифатандузӣ ва ба қалам овардани пешрафтҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳои дигар аз назари қиёсӣ, танқиди тақлидикӯркӯронаи диндорони мутаасиб ва пуштибонӣ аз пешрафтурӯй овардан ба кишварҳои пешрафта ба қалам омадаанд. Бояд гуфт, ки Раҳматуллоҳи Возеҳ дар таълифоти дигари худ монанди тазкираи «Тўҳфатулаҳбоб фи тазкиратиласҳоб», «Кони лаззат ва хони неъмат», «Ақоидуннисо» ва осори манзумаш низ ба масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии замони худ таваҷҷўҳ зоҳир кардааст.
Дигар аз шахсиятҳои сиёсиву ҷамъиятии Аморати Бухоро, муаллифи китобу рисолаҳо, санаднигори аҳволи раият ва ҳукумати он аҳд Шарифҷон Махдуми Садри Зиё мебошад, ки дар таълифоти худ «Рўзнома» ва«Наводири зиёия» ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии Бухоро шарҳу бозгў намудааст. Муҳимтарин асаре, ки ба таври густурда, дақиқу возеҳ авзои аморатро Садри Зиё дар он ѓунҷоиш додааст, «Рўзнома»-иўст. Садри Зиё дар ин ҷо ба ҳамон матлаби Аҳмади Дониш, Шоҳин, Возеҳ, Аҷзӣ, Мирзо Сироҷ ва дигар равшанфикрон бармегардад, ки тангназариву бепарвоӣ, ѓафлату шариатзадагии амир ниҳоят ба таназзули Бухоро оварда расонид. Ба ин тартиб, Садри Зиё дар «Рўзнома»-и хеш, ки дар оѓоз сабки душвор (шояд бедилӣ)-ро ихтиёр карда буд, дар қисмати интиҳоии асар хеле ошкорову сареҳ ба нақди иҷтимоии замона мепардозад.
Омўзиши осори Садри Зиё бозгўи он аст, ки ҷавҳари гуфтору андешаҳо ва баррасиҳои ўро масоили иҷтимоӣ, мубориза бар хурофот фароҳам меоваранд. Бе дарки дуруст ва тааммул ба осори Садри Зиё аз таърихи аморати Бухоро, авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламрави сукунати тоҷикон дар охири асри Х1Х ваоѓози асри ХХ огаҳӣ пайдо намудан душвор аст.
Қобили зикр аст, ки дар осори ёддоштиву таърихии устод Садри Зиё, Домулло Икром ё Муфти Икромча ёд мешавад, ки ў аз миёни мударрисону фақеҳон доимо бо қозиёну ҳокимон дар баҳсу мунозара буд ва онҳоро аз роҳи бад бозмедошт; мехост, ки барномаи мадрасаҳо таҷдиди назар карда шаванд, фанҳои нави дунявӣ омӯзонида шуда, ва амсоли ин. Ин шахси рўшанфикр борҳо аз ҷониби шахсиятҳои воломақоми аморат мавриди табъиду танқид ва ранҷу озор қарор гирифта буд. Шояд аз ин ҷост, ки баъди барқарор шудани Ҷумҳурии халқии Бухоро ў, яъне Домулло Муҳаммад Икроми Ҳоҷиро аз шаҳри Fузор оварда, қозии Шўро таъин намуданд (22-75).
Чи хеле аз сарнавишти аксари равшанфикрон пайдост, онҳо ҳам барои низоми сиёсии қаблии Бухоро ва ҳам дар сохтмони нави ҷомеа низ хидматҳо намуда буданд, ки Домулло Икромча аз шумори онҳост. Шояд аз муфтии мазкур китобу рисолаҳои зиёд монда бошад, вале ҳар он чи имрўз бо расмулхати кунунии мо нашр шудааст, «Иқозу-н-ноимин ва эълому-л-ҷоҳилин» (Бедор кардани хобидагон ва огоҳ кардани бехабарон) аст. Рисолаи «Иқозу-н-ноимин ва эълому-л-ҷоҳилин» ба ташреҳи масоили динӣ бахшида шуда, муаллиф таомулу рафтори аҳли дини Бухороро бозгўӣ мекунад. Домулло Икром рафтори аъмоли нодурусти ҳамзамонони худ, бахусус соҳибмансабонро танқид намуда, амалҳои ношоистаи баъзе диндоронро , ки боиси пастравии ахлоқу зиндагии омма гардида, чун рибо, назру ниёз, Бибисешанбе, русуми азодорӣ (чиҳилу бист, сол), садақа додан ва хўрдану нўшидан дар масҷид, ришваситонӣ, истифодаи вақф, байъи ҳуҷраҳои мадраса, ҳаққи ҳизонат (парастории ятим ва ворис шудан ба моли ў), либосҳои фохири заррину симин пўшидани ҳокимону сарватмандон, маҳфилҳои суруду рақси амрадон, қориёна ситонидан аз талабагон, миёнравони қозиён, дуздии тарозудорони бозорҳоро мазаммат менамояд.
Дар баробари ин, домулло Икром мукарраран фисқу фуҷури олимон, рафтору аъмоли нодурусти эшон, хомўшиву сукути аҳли дину диёнатро накўҳиш менамояд ва сари чанд ҷумла мегўяд: «Агар олим фасод кард, олам фасод кард», «Худоё, моро аз ҷумлаи олимони боамал гардон».
Адиб ва сиёсатмадори дигаре, ки дунболи афкори Аҳмади Дониш ва мактаби равшангарии ў қадами росих ниҳодааст, Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ мебошад, ки дар оѓози садаи ХХ бо таълифоти мунтақидонаи сохти ҳокимият мақоми бузурги иҷтимоӣ ва таърихиро соҳиб шудааст.
Ба ҳамин тартиб, асарҳое, ки ин адибон таълиф карданд– «Наводирулвақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун», «Рисола ё мунтахабе аз таърихи сулолаи манѓития»-и Аҳмади Дониш, «Тўҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ,«Савонеҳулмасолик фи фаросихулмамолик»-китоби саргузаштии Раҳматуллоҳи Возеҳ,аз намунаҳои барҷастаи ин аҳд мебошанд, ки арзиши баланди адабиро бархурдоранд, зеро дар ҳамон давраҳои ҳассосмаѓз андар маѓзашон танқидихурофоту ифротгароиро ҷой дода, мардумро барои аз байн бурдани бидъату хурофот, нодониву ҷаҳолат , ки барои пешрафтихалқу миллат паёмадҳои нангинро метавонад ба бор оварад, даъват ба амал меоварданд.
Зикриёева М.А. дотсенти кафедраи
журналистика ва назарияи тарҷумаи
факултети филологияи тоҷик.