Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ

Ин унвони мизи гирд буд, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажўҳишгоҳҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ баргузор гардид.

Дар ин мизи гирд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро сардори Маркази иттилоот ва таҳлил Фаридун Ҳодибоев намояндагӣ ва дар мавзӯи “Саводи расонавӣ - омили муҳими таъмини бехатарӣ аз таҳдидҳои муосири иттилоотӣ” маърӯза ироа намуд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо суханронии ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.

Таъкид гардид, ки мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” яке аз мавзўъҳои мубрами рўз ба шумор меравад. Зеро имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот, махсусан, дар фазои маҷозӣ, бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Чунки имрӯз бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Фаридун Ҳодибоев, намояндаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни ироаи маърӯза ба масъалаи усулҳои муфиди пешгирӣ аз таҳдиҳои муосири фазои маҷозӣ таваҷҷуҳ намуд. Номбурда зикр намуд, ки шумораи истифодабарандагони интернет дар миқёси ҷаҳон марзи 4,6 млрд нафарро убур намудааст, ки ин рақам наздик 60%-и сокинони сайёраро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки давоми ҳар сол сафи корбарони интернет то 7% рӯ ба афзоиш дорад.

“Зиёд шудани шумораи истифодабарандагони интернет агар аз як тараф торафт дастрас шудани интернет ва рушди технологияро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, далел аз вобаставу пайваста шудани инсоният аз интернет ва таъсири амиқи ин фазо ба ҳаёти одамон унвон мешавад”- зикр дошт Ҳодибоев.

Ҳамзамон, шеваҳои муфиду муҳими мубориза бо хатарҳои фазои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо табодули афкор ва ироаи пешниҳодҳои судманд дар самти пешгирӣ аз муаммоҳои умдаи ҷомеаи муосир ба кори мизи гирд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ