​Мақоми ифтихории устоди ДДХ дар озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» эъон карда буд, ҷамъбаст намуд.

Тибқи иттилоъ аз ҷониби аҳли зиё ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла олимону рӯзноманигорон, мутахасситсони касбӣ, омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, унвонҷӯёну аспирантон, инчунин мактаббачагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, аз тамоми шаҳру навоҳи ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ бо теъдоди 83 нафар асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои худро бо забонҳои давлатӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) пешниҳод намуданд. Комиссияи озмунии Комиссияи Экологӣ маводҳоро тибқи салоҳияти худ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Ҳамин тариқ Мурод Собиров – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар ҳаммуаллифӣ бо Муҳаммадҷон Ҳусейнов – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барои мақолаи “Сиёсати экологӣ, нақши истиқлоли Давлатӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои муҳими ояндасоз”, доир ба ташаккули сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо Диплом, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар маросими тантанавӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ ширкат ва ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва молию пулиро тақдим намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ