​Боздид аз осорхонаи донишгоҳ

Имрӯз 15-уми декабр, донишҷӯёни соли аввали факултети забонҳои шарқ, ихтисоси хитойӣ-англисӣ аз осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Зимни боздид донишҷӯён аз дастовард ва таърихи донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. Масъулин қайд карданд, ки осорхонаи мазкур соли 1982 дар арафаи 50-солагии донишгоҳ дар факултети филолгияи тоҷик тасъсис ёфтааст. Аз соли 1995 то соли 2018 осорхона дар расёсати донишгоҳ фаъолият кардааст.

Гуфта шуд, ки бо ибтикори ректори донишгоҳ, профессор, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло соли 2018 ба бинои асосии донишгоҳ бо тарҳи замонавӣ таҷдид ва ҷойгир карда шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ