​Маҳастии Хуҷандӣ: Пажӯҳиши нав ва дастрасии комил ба мероси адабӣ

«Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» – пажӯҳиш ва нақди расо дар заминаи ин шоираи бузурги тоҷикон ва олами форсизабонон аст, ки таълифи онро адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус анҷом додааст. Китоб дар нашриёти «Хуросон»-и Хуҷанд бо теъдоди 1000 нусха бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии нашри китоб ба зевари табъ ороста гардидааст.

Китоб ҳосили заҳмату ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш дар заминаи ин мавзӯъ буда, бо баҳрамандӣ аз осори арзишманди ин шоираи тавоно ва ба кор гирифтани манбаъҳои мухталиф оид ба Маҳастӣ таълиф шудааст ва арзиши баланди илмӣ дорад. Рисола фарогири ду бахш аст ва дар бахши аввал баҳсҳое перомуни рӯзгору осори Маҳастӣ, вежагиҳои рубоиёт ва шаҳрошӯбҳои ӯ, асолати ашъор ва таҷассуми симои шоира дар осори бадеӣ сухан рафтааст.

Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Девони Маҳастӣ то асри ХУ1дар Ҳирот вуҷуд дошт, аммо, мутассифона замони ҳамлаи Абдуллоҳхон ба ин шаҳр аз байн рафта ва ашъори парокандаи ӯ танҳо ба василаи тазкира, баёз, ҷунг ва сафинаҳо то имрӯз расидаанд. Бахши дувуми китоб ҳосили ҷустуҷӯ ва талоши муҳаққиқ бо истифода аз даҳҳо сарчашмаҳои муътамади хаттиву чопӣ аст ва ашъори ин шоира бори аввал дар шаклу низоми хос ва бо зикри манобеъ ба сурати хронологӣ ба хонандагон пешниҳод шудааст.

Маҳастӣ аз бузургтарин рубоисароён дар адабиёти тоҷик аст, ки бо ашъори нағзу дилпазир ва ҳунармандонааш мақоми хос дорад. Шеъраш таҷассумгари ишқу зебоӣ, шӯхтабъиву раъноӣ, садоқату рафоқат ва саршор аз нишоту шодмонист. Бо шаҳрошӯбҳояш ҳам номи ӯро метавон ба радифи пешравони ин навъи шеъри форсии тоҷикӣ гузошт, аммо, мутаассифона ончунон ки шоиставу боиста аст, дар таърихи адабиёт муаррифӣ нашудааст.

“Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” дар муаррифии ҳарчи бештари ҷойгоҳи ин бонуи адабу ҳунар иқдоми ҷиддӣ ва муассир буда, баҳрамандӣ аз он ба пажӯҳишгарон ва алоқамандони мероси адабӣ аз аҳаммияти зиёд бархурдор аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ