​Ҷамшед Ҷӯразода: ДДХ барои панҷ соли оянда иҷозатномаи фаъолият гирифт

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бомуваффақият гузашта, соҳиби иҷозатномаи фаъолият барои панҷсолаи навбатӣ гардид. Ин нуктаро Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба самъи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонид.

Ректори донишгоҳ доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ давоми нимсолаи якуми соли равон ҳисобот дода, аз дастовард ва рӯйдодҳои муҳими ҳаёти донишгоҳ барои аҳли қалам иттилоъ манзур дошт. Гуфта шуд, ки яке аз воқеаҳои муҳиму хотирмони донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ин соҳиб шудани иҷозатномаи фаъолият барои панҷсолаи оянда маҳсуб меёбад.

Мувофиқи хулоса ва таҳлилҳои Агентӣ сессияи донишҷӯён марҳала ба марҳала дар панҷ соли охир 0,6% зиёд шуда, давомоти донишҷӯён 98,2 фоизро ташкил додааст, ки ин аз мавқеи муайяни донишгоҳ дар байни муассисаҳои давлатии таълимӣ шаҳодат медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаи сессияи тобистона дар нимсолаи дуюми соли хониши 2020-2021 пешрафт 75% ва сифат 41%-ро ташкил дод.
Ҷамшед Ҷӯразода таъкид намуд, ки дар донишгоҳ таҳия ва татбиқи низомномаҳо, дастурамалҳои тавсиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки нашри “Консепсияи рушди сифати таҳсилот барои солҳои 2021-2025”, “Раҳнамо оид ба тартиби гузаронидани озмуни тести беҳтарин”, “Раҳнамо оид ба тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, малака ва салоҳияти донишҷӯ” ва “Низомнома оид ба ташкили раванди таълими фосилавӣ дар фазои электронии “on-line” аз зумраи онҳост.




"Яке аз падидаҳои муҳими донишгоҳ давоми нимсолаи якуми сол таъсиси 10 ихтисоси нав мебошад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард"-гуфт ректори донишгоҳ.
Ҳамзамон, Ҷамшед Ҷӯразода аз тасмими дигари раёсати донишгоҳ ҷиҳати таъсиси 15 ихтисоси замонавии дигар хабар дод.

Дар идома намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва вилоят оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолҳо доданд, ки ба он аз ҷониби ректори донишгоҳ посухи муфассал ироа гардид.
Ҳамзамон, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба рӯзноманигорон ҷиҳати саҳми муассир дар инъикоси пайваста аз набзи донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуд ва умед кард, ки равобити судманди аҳли қалам бо донишгоҳ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ