​Мусаввараҳо: рубрикаи нав дар сомонаи донишгоҳ

Дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахш (рубрика)-и “Мусаввараҳо” таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур дар асоси дастур ва раҳнамоии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода пиёда карда шуд.

Ҳадаф аз роҳандозии бахши “Мусаввараҳо” бо истифода аз аксҳои таърихӣ давра ба давра манзур намудани фаъолият, ташаккул ва рушди ин боргоҳи маърифат, ва ба ин васила, рӯнамоии хидматҳои арзандаи устодону донишҷӯён мебошад.

Аксҳои таърихии бахши мавриди назарро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳ пайгирӣ намоед!

Маркази иттилоот ва таҳил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ