243 нафар хатмкунанда бо Дипломи аъло сарфароз шуданд
1 августи соли 2025 дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими тантанавии супоридани Дипломҳои аъло ба хатмкунандагони соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.
Дар ин маросими хотирмон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Оқилзода Ғайрат, сармуҳосиби филиали №23 КВДБА ҶТ “Амонатбонк” Шодиев Ҷаъфар ва раиси Раёсати ташкилоти қарзии “Матин” Олимов Олим иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ ин дастоварди муҳими ҷавононро натиҷаи заҳмату талоши пайвастаи устодону донишҷӯён унвон карда, таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имкон дод, ки насли нав ба як нерӯи созанда ва муҳаррики рушди ҷомеа табдил ёбад. Таъсиси стипендияҳои президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон», озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” танҳо як бахши кӯмаку дастгирии давлат нисбат ба ҷавонон аст. Ҳамчунин, иброз дошт, ки имсол аз 6549 нафар хатмкунанда 243 нафар бо Дипломи аъло донишгоҳро сарбаландона хатм намуданд.
Роҳбари донишгоҳ хатмкунандагонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрик намуда, ба онҳо барору комёбӣ, тандурустӣ ва муваффақият дар роҳи адои рисолати касбӣ орзу кард. Ӯ изҳори бовар намуд, ки хатмкунандагони донишгоҳ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва донишҳои андӯхта дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
Дар идома муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло зимни суханронӣ хатмкунандагонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарёфти Дипломи аъло самимона табрик намуда, ин дастовардро натиҷаи заҳмати пайваста, истеъдоди фитрӣ ва иродаи қавии ҷавонон номид. Номбурда афзуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди кадрҳои ҷавон, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба таҳсил ва донишандӯзӣ, шароити мусоид барои ташаккули мутахассисони ҷавон фароҳам овардааст.
“Хатми донишгоҳ ва гирифтани Дипломи аъло на танҳо нишони дониш ва заҳмат, балки масъулияти бузург дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Шумо — ҷавонони лаёқатманд бояд бо истифода аз имкониятҳои замон ва донишҳои андӯхта дар ободии Ватан, рушди соҳаҳои гуногун ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми худро гузоред. Имрӯз Тоҷикистон ба мутахассисони дорои ҷаҳонбинӣ ва тафаккури нав ниёз дорад ва мо итминон дорем, ки Шумо ҷавобгӯи ин ниёз хоҳед буд,” — иброз дошт Ҷамшед Ҷӯразода.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз ба як маркази воқеии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун табдил ёфта, саҳми он дар рушди илму маорифи вилоят ва ҷумҳурӣ назаррас мебошад.
Дар анҷоми суханронӣ, муовини Раиси вилоят ба ҳамаи хатмкунандагон барори кор, саодати рӯзгор, неруи созанда ва муваффақиятҳои пайдарпай орзу намуда, таъкид кард, ки давлат ва ҷомеа ба неруи ҷавонон такя мекунад ва аз онҳо натиҷаи назаррас интизор аст.
Ҳамзамон, як қатор хатмкунандагон ба сухан баромада, аз номи донишҷӯёни бо Дипломи аъло сарфарозгардида ба роҳбарияти донишгоҳ, устодони худ барои дастгирӣ, таҳаммул, меҳрубонӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил изҳори сипос намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки дониш ва тарбияи андӯхтаашонро дар хизмати Ватан, миллат ва ҷомеа равона хоҳанд кард ва ҳамеша шарафу нуфузи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро пос медоранд.
Маросим бо тақдими Дипломҳои аъло ба хатмкунандагон ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил