​МУАЛЛИМ – СУТУНИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

Дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик шахсияти устод ва омӯзгор ҳамеша ҷойгоҳи муқаддас дошт. Ниёкони хирадманди мо ба касби муаллимӣ бо эҳтироми хосса нигариста, онро сутуни асосии маънавият ва чароғи ҳидояти ҷомеа медонис-танд. Фарҳанги асили миллат собит месозад, ки мақоми омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо бо эҳтироми падар баробардониста мешуд.

Бузургони илму адаби мо устодро ҳамчун тарбиякунандаи инсони комил ва роҳнамои ҳақиқии насли наврас ситоиш кардаанд. Маҳз тавассути заҳмати устод илму фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд зинда монд.

Ниёкони мо хуб дарк мекарданд, ки бидуни илму дониш ва заҳмати муаллим ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба пешрафт ва тамаддуни устувор ноил гардад. Дар осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ ва дигарон мақоми муаллим дар баландтарин зинаҳо қарор дорад. Бузургон устодро чун чароғи фурӯзон тасвир мекарданд, ки барои рушноӣ бахшидани роҳи дигарон худ месӯзад. Ин арзишҳои муқаддаси таърихии мо нишон медиҳанд, ки тоҷикон аз азал миллати китобхон, илмдӯст ва маорифпарвар буданд.

Дар замони муосир низ ин ҷойгоҳ аҳаммияти худро гум накардааст. Баръакс, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави фарҳангӣ ва равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ рӯбарӯ аст, ниёзи ҷомеа ба нерӯи устод боз ҳам бештар мегардад. Имрӯз касби омӯзгорӣ на танҳо як шуғл, балки як рисолати бузурги миллӣ ва ватандорӣ ба шумор меравад. Омӯзгор вориси ҳақиқии он мактаби бузурги маърифатиест, ки ниёкони мо асрҳо барои устувор мондани он ҷонфишониҳо кардаанд.

Чунин анъанаи неки ниёгон имрӯз дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Роҳбари давлат маорифро соҳаи стратегӣ, аввалиндараҷа ва ояндасози кишвар эълон намудаанд. Давлат тамоми заминаҳоро фароҳам месозад, то обрӯю эътибори муаллим дар ҷомеаи муосири мо боз ҳам боло равад. Сиёсати созандаи Ҳукумат исбот мекунад, ки рушди иқтисодиёт ва саноат бевосита ба сифати таълим ва тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат вобаста аст.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳли маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим вазъи ҳуқуқии муаллимро расман танзим ва ҳимоя мекунад. Ин ташаббуси қонунгузорӣ шароити устувор ва озод фароҳам овард, то муаллим тамоми диққати худро танҳо ба сифати дарс ва тарбияи шогирдон равона созад.

Имрӯз вазифаи муаллими тоҷик дар сиёсати давлат хеле муҳим ва калидӣ ба шумор меравад. Маҳз муаллим ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва заковат тарбия менамояд. Вай насли нав-расро аз хурофоту бегонапарастӣ дур нигоҳ медорад. Имрӯз муаллим ба шахсияти меҳварииҷомеаи мо табдил ёфтааст ва ин натиҷаи сиёсати маорифпарварона мебошад.

Баланд бардоштани мақоми муаллим танҳо бо сухан ё қабули қонунҳо маҳдуд намешавад. Давлат заҳмати устодонро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ мекунад. Буҷети соҳаи маориф сол ба сол зиёд мешавад ва ин раванд имкон медиҳат, ки инфрасохтори соҳа пурра навсозӣ гардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф давра ба давра 21 маротиба афзоиш ёфт. Ин нишондиҳандаи равшани ғамхории доимии роҳбарияти олии кишвар нисбат ба ояндаи маорифи миллӣ мебошад. Ташаббусҳои Ҳукумат дар самти ҳавасмандкунии маънавӣ сол ба сол вусъат меёбанд.

Давлат ба омӯзгорони ҷавон, бахусус ба онҳое, ки дар деҳоти дурдаст фаъолият мекунанд, аҳаммияти ҷиддӣ ва махсус медиҳад. Барои онҳо имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ҷудо кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзии бонкӣ амалӣ мегарданд. Ин кӯмакҳо мушкили норасоии кадрҳоро дар мактабҳои дурдасти куҳсор ба куллӣ ҳал намуданд. Муаллими ҷавони деҳот имрӯз ҳис мекунад, ки зери ҳимоя ва ғамхории Ҳукумат қарор дорад.

Мувофиқи Фармони Президенти кишвар, аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд шуда буд. Ин як такони ҷиддӣ барои беҳтар кардани вазъи молиявии муаллимон гардид. Аз 1 сентябри соли 2026 бошад, маоши устодони ин бахш боз 25 фоиз ва дигар бахшҳои соҳаву стипендияҳо 20 фоиз афзоиш ёфт. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки давлат ҳатто дар шароити мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, соҳаи маорифро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузорад.

Имрӯз, тибқи омори расмии Вазорати маориф ва илм ва мақоми оморӣ, маоши миёнаи омӯзгорон бо назардошти кӯмакпулиҳои иловагӣ ба 4 493 сомонӣ расидааст. Ин кӯмакпулиҳо барои роҳбарии синфӣ, санҷиши дафтарҳо ва иҷрои корҳои иловагии методӣ пардохт карда мешаванд. Барои муаллимони мактабҳои ибтидоӣ маоши базавии миёна (бе мукофотпулӣ) 2 620 сомонӣ ва барои мактабҳои миёна 2 460 сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари боло рафтани маош, масъалаи муҷаҳҳаз кардани мактабҳо бо технологияҳои нави таълимӣ низ маблағгузорӣ мешавад. Сохтмони синфхонаҳои компютерӣ, лабораторияҳои муосири химияву физика ва таъмини мактабҳо бо тахтаҳои электронӣ қисми муҳимми ин дастгириҳо мебошанд. Омӯзгори имрӯза дар шароити муосир ва бо маоши муносиб метавонад сифати таълимро баланд бардорад. Давлат бо ин тадбирҳо заминаи моддии маорифро бо заминаи маънавии он пайваст намуд, ки ин кафолати рушди зеҳнии насли оянда аст.

Ҳаминтариқ, мақоми омӯзгор дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як меъёри калидии пешрафт, созандагӣ ва маънавияти ҷомеа табдил ёфтааст. Пайванди устувори арзишҳои таърихӣ бо сиёсати муосири Ҳукумати кишвар имкон дод, ки обрӯю эътибори муаллим дигарбора дар ҷомеа устувор гардад.

Дастгириҳои моддӣ ва маънавии Ҳукумати кишвар имкон медиҳанд, ки аҳли маориф бо дилгармӣ, масъулият ва ифтихори миллӣ ба тарбияи насли наврас машғул шаванд. Имрӯз омӯзгори тоҷик бо сари баланд ва дили пур метавонад бигӯяд, ки вай дар бунёди ояндаи дурахшони ватан саҳмгузораст. Ин сиёсати хирадмандона ояндаи дурах- шони илму маорифро фароҳам оварда, заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ мегардад.

Ниссо Атҳамова,

докторанти факултети таҳсилоти ибтидоӣ

ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ