​ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ҳуҷҷати сарнавиштсоз, стратегӣ ва дорои аҳаммияти муҳим, дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон мавқеи хосса дорад.

Ҳамасола ин санади муҳимми давлатӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро хулосабардорӣ ва дурнамои онро муайян мекунад, барои таҳкими иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва таъмини суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ҳамчун қутбнамо хизмат мекунад.

Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷуҳ ва самимияти хос ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба тамоми ҷабҳаҳои соҳаи ҳаёти халқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Аҳаммияти Паём дар он аст, ки дар он на танҳо стратегияи рушди устувори Тоҷикистонро барои оянда муайян карда мешавад, балки самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муқаррар намуда, ба рушди соҳаҳои муҳими ҳаёт, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди иқтисоди сабз, татбиқи рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди илм, маориф ва фарҳанг диққати махсус медиҳад. Ин санад, инчунин, ҳадафҳои стратегии мамлакатро барои дарозмуддат, аз ҷумла расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ муайян менамояд.

Аҳаммияти махсус равона кардани Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм дар мамлакат натиҷаи пурбор дошта, махсусан наврасону ҷавонон, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан ва аз худ кардани касбу кори мухталифро ба амал меоварад.

“Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Махсусан дар самти афзалиятноки кори таълим ибтидо аз зинаи таҳсилоти томактабӣ бояд шуруъ кард, то дар давраи гузариш ба мактаби таҳсилоти умумӣ хонанда бояд заминаи қавии ибтидоӣ дошта бошад. Оид ба гуфтугӯи озоду шево ва бурро бо забони модарии тоҷикӣ ва ҳамчунин аз иҷрои одитарин машғулиятҳои математикӣ ба осонӣ баромада тавонад. Бо дарназардошти қобилияти азхудкунии кӯдакону наврасон ва сифати таълим мо кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки боз ҳам бештар дар амалисозии тадбирҳои қабулгардида камари ҳиммат бандем, зеро дар Паёми навбатии Пешвои миллат супориши махсус ва пурифтихори касбӣ ба мо масъулини соҳа пешниҳод гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.

Президенти мамлакат ҳангоми баромади худ таъкид доштанд, ки дар сиёсати давлат маорифро дар ҷои аввал мегузоранд ва бо дарназардошти сарчашмаҳои буҷетӣ ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад.

Омӯзгорону кормандони соҳа бо шунидани нуктаҳои муҳим ба ваҷд омада, ҳиси хушҳоливу боварӣ ва дуррахши нури маърифат дар чашмони ҳар яки онҳо эҳсос карда шуд.

Бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Паёми Пешвои муаззами миллат, роҳнамо ва нақшаи корӣ барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлат ва саодати рӯзгори халқ, шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азиз, созандагиву бунёдкорӣ, пайки саодати фардо ва дар маҷмуъ роҳнамо барои ҳар яки мо сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз аст.

Аз ин рӯ, мо, ҷавонон ва кулли сокинони кишварро мебояд, ки доир ба иҷрои дастур ва супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвоии муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида камари ҳиммат бандем ва заррае ҳам бошад саҳми худро дар шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон гузорем.

Зӯҳро Баротзода,

номзади илмҳои педагогӣ,

муаллимаи кафедраи

педагогика ва психологияи томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ