АНҶУМАНИ «ПАЙВАНД» – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИГӮЁНИ ҶАҲОН
Замони мо, ки пур аз таҳлукаву таззод, ихтилоф, ҷудоиандозӣ ва хатарафзо мебошад, таҳқими таҳаммулпазирӣ, ҳамгироӣ, дӯстиву бародарӣ, равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни халқҳо, миллатҳо беш аз пеш аҳаммият ва арзиши бузургро касб намудааст. Дар ин ҷода нақши арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, рисолати созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ, ки фаъолияти онҳо ба ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангии мардумони гуногун равона шудаанд, хеле бузург аст.
Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон – «Пайванд» дар ин ҷода ҳамчун пайвандагари аслҳо ва наслҳо саҳми арзишманду мондагор дорад. Анҷумани мазкурро як зумра зиёиёни бедорфикру хирадманди тоҷик ташкил намуданд, ки барои ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳон бо мақсади таъмини саҳми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар рушди маънавиёт ва фарҳанги умумибашарӣ, ҳамгироӣ, робитаҳои бештари илмиву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам орад. Дар ин хусус донишманди маъруф, профессор Парвона Ҷамшедов чунин зикр менамояд: «Аввалҳои моҳи сентябри соли 1989 устод Муҳаммад Осимӣ маро назди худ хонд ва гуфт, ки барои ба ҳам овардани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, воқиф шудан аз ҳолу аҳволашон ва муаррифӣ намудани дастовардҳои Тоҷикистон тасмим гирифтам, ки ҷамъияти ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзиро созмон диҳем».
Санаи 28-уми октябри соли 1989 ҷаласаи нахустини муассисони ин созмони ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва академик Муҳаммад Осимӣ раиси Анҷуман интихоб гардид. Соли 1991 Оинномаи Анҷуман тасдиқ гардид ва ин созмон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд. Баъдтар Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» интихоб гардиданд.
Тибқи Оиннома самтҳои асосии фаъолияти Анҷумани «Пайванд» чунинанд:
- таъмин ва таҳкими равобит бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкорӣ, рушд ва робитаҳои бештари фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ;
- ташкили ҳамоишҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, намоишҳо, сафарҳои ҷомеаҳои касбӣ ва варзишӣ;
- ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии ғайриҳукуматии кишварҳои мароқзоҳиркунанда ва созмонҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон;
- таъсиси хазинаи махсус барои мусоидат баҳри соҳибшудан ба маълумот ва омодагии илмӣ-техникии кӯдакони тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонон дар Тоҷикистон ва дигар марказҳои таълимӣ ва илмии ҷаҳон;
- ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳон бо мақсади таъмини саҳми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар рушди маънавиёт ва фарҳанги умумибашарӣ;
- ҷалби ҳамкориҳои байналхалқӣ ва кӯмак, хосатан аз ҷониби созмони байналхалқии ЮНЕСКО дар самти эҳё ва тармими ёдгориҳои нодири таърихӣ-фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар тамоми кишварҳои дунё, хусусан эҳё ва рушди алифбои арабиасоси форсӣ;
- амалисозии фаъолияти таблиғотӣ-интишорӣ ва ҳамкорӣ бо васоити ахбори умуми кишварҳои мароқзоҳиркунанда, хосатан бо мамлакатҳои форсизабон.
Фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»-ро шартан ба ду марҳила метавон ҷудо намуд. Марҳилаи аввал солҳои 1989-1991-ро дар бар гирифта, он давраи оғози ташаккули Анҷуман ба ҳисоб меравад. Дар ин давра аввалин қадамҳо ва иқдомҳо барои барқарор намудани равобит бо тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонони ҷаҳон гузошта шуд. Дар ин марҳила Анҷуман фаъолияти худро дар доираи Ҷамъияти умумииттифоқии дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда буд. Анҷуман як зумра ҳамоишҳо, конгрессҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои илмиро бахшида ба мутафаккирони тоҷику форс – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Муҳаммад Иқбол, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, Турсунзода, андешаҳои адабӣ, фалсафӣ, ахлоқии ин бузургон, таърихи тамаддуни Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ баргузор намуд, ки он дар амри муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон ва саҳми онҳо дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳим бозид.
Марҳилаи дуюми фаъолияти Анҷуман бо даврони ба Иқтиқлоли давлатӣ соҳиб шудани Тоҷикистон рост меояд. Ин марҳилаи сифатан нав буда, дар ин давра фаъолияти Анҷуман хеле густурда ва самарабахш гардид. Фаъолияти он ба таҳкими равобит бо шуъбаҳои ин созмон бо кишварҳое, ки дар он ҷо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ зиндагӣ мекунанд, равона шуда буд. Анҷумани «Пайванд» дар кишварҳои ИДМ 6 марказҳо ва дар мамолики хориҷии дур 11 марказҳои фарҳангиро таъсис дод.
Соли 1992 дар Душанбе бори нахуст Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» баргузор гардида, дар он намояндагон аз бисёр кишварҳои Шарқ ва Ғарб ширкат варзиданд. Анҷуман дар рӯзҳои ҷашни 1-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гашта буд. Анҷумани дуюм моҳи сентябри соли 1993 баргузор гашта, дар он қарор оид ба таъсиси созмон бо номи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қабул гардид. Дар Анҷуман Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда буданд. Анҷумани сеюм соли 1996 дар Душанбе баргузор гашта, Шурои Олии Анҷуман иборат аз 28 нафар интихоб гардид, ки аз ин шумора 10 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 18 нафар аз кишварҳои форсизабон шомил буданд.
Дар ин давра Шурои Анҷумани «Пайванд» 13 ҳайати вакилони худро ба кишварҳое, ки ҳамватанони бурунмарзии мо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, ИМА, Англия, Фаронса, Олмон, Туркия, Миср, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб фиристод. Анҷуман дар шаҳри Душанбе 25 ҳайатҳои илмӣ ва фарҳангиро аз 17 кишварҳои ҷаҳон қабул намуд. Анҷуманҳои минбаъда солҳои 2002 дар рӯзҳои ҷашни 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, соли 2006 ҳангоми ҷашни 2700-солагии Кӯлоб баргузор гашта буданд.
Санаи 7 сентябри соли 2026 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандагари тамаддуни ориёӣ» баргузор гардид. Анҷумани мазкур бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва дар он беш аз 230 меҳмонон аз 27 кишварҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Раиси Анҷуман Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои фаъоли Анҷуман, меҳмононро ба хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол хайрамақдам гуфта, чунин иброз намуданд: «Ҳанӯз 8 сентябри соли 1993 хотирнишон карда будам, ки ҳадафи асосии Анҷумани мо эҷод ва истиқрори муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон аст».
Воқеан, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» рисолати худро бо шоистагӣ иҷро намуда, дар амри таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳамкорӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва форсигӯёни ҷаҳон нақши созанда дорад, чуноне, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
Шарифзода Шавкат,
номзади илмҳои таърих, дотсенти Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»