Паёмҳо... Нигоҳе ба зиндагии ибратбахши Рафоатхон Самадова

Самадова Рафоатхон Ахунбабаевна (25.08.1938 ш. Хуҷанд), забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (2000), профессор (2001). Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1963). Аълочии маорифи ҶТ (2011). Узви сексияи забоншиносӣ ва Шӯрои дифои рисолаҳо дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Муаллими кафедраи методикаи таълими забони русӣ (1965-1967), сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОЛ ба номи Т. Г. Шевченко (1971-1974), муаллим, сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ (1975-1980), дотсент, мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии ДДОЛ-ДДХ (1980-1999), ходими калони илмии ПЗА ба номи Рӯдакӣ АИ ҶТ (1996-1999), декани факултети филологияи рус (1993). Тадқиқотии илмиашро дар назди сексияи забоншиносии ПЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1993-1995) анҷом дода, соли 1999 дар мавзӯи “ Масъалаҳои сохтори лингвистии ибораҳои номӣ-пешояндӣ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ” дар Шӯрои илмии пажӯишгоҳи мазкур рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, ҳамзамон ноибдекани илми факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз соли 2001).

Муалифи 7 монография, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ буда, маҳсули ҷустуҷӯҳои илмиаш дар маҷаллаҳои илмии вилоят, ҷумҳурӣ, мамолики хориҷа нашр шудаанд. Таҳти роҳбарии мавсуф 9 аспирант рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Иштирокунандаи конфронсҳои байналхалқӣ мебошад. Бо нишони фахрии “Барои муваффақиятҳои аъло дар мактаби олӣ” (1986) ва ордени “Нишони фахрӣ” сарфароз гаштааст.

Осор: "Подчинительная связь в русском и таджикском языках". - Душанбе: Дониш, 1989; Проблемы лингвистического конструирования предложно-именных словосочетанийв русском и таджикском языках. - Худжанд: Гос.из-во «Рахим Джалил».-Ч.1.-1996; Пайванди қарнҳо…Паёмҳо аз аёмҳо… - Хуҷанд: Ношир, 2002; Функциональные отношения и спектр значений компонентов предложно-именных словосочетаний определительного типа в русском и таджикском языках.- Худжанд: Нури маьрифат, 2014; Вопросы соотношения семантики и синтаксиса с позиций лингвистического конструирования предложно-именных словосочетаний в русском и таджикском языках. - Худжанд: Нури маьрифат, 2014; Системная семантическая дифференциация и интеграция предметно- признаковой информации в предложно-именных словосочетаниях таджикского и русского языков. - Худжанд: Мероҷ, 2016; Проблемы лингвистического конструирования предложно-именных словосочетанийв русском и таджикском языках. - Худжанд: Нури маьрифат. 2018.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ