​ТОЗАНАШР: ШАҲНОМАИ УМАРХОНӢ

Китоби нодири таърихиву адабии «Шаҳномаи Умархонӣ»-и Мирзо Мушрифи Исфарагӣ, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихнигории тоҷик ба шумор меравад, бо ташаббуси профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Насриддинов Фахриддин тасҳеҳ ва ба нашр расид.

Ин асар дар оғози асри XIX бо забони тоҷикӣ таълиф шуда, ба таърихи амир Умархон ва хонигарии Хӯқанд бахшида шудааст. Дар китоб муаллиф вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, инчунин ҳаёти илмию фарҳангии мардуми Осиёи Миёнаро то соли 1822 бо санаду далелҳои дақиқ ва мушоҳидаҳои воқеӣ ба қалам додааст.

Матни китоб бар асоси ду нусхаи боэътимоди «Маркази мероси хаттӣ»-и АМИТ таҳти шумораҳои 1026 ва 1088 тасҳеҳ гардида, дар он маълумоти нодир ва асноди арзишманд маҳфуз мондааст.

Китоб, барои ҳамаи дӯстдорони осори адабию таърихии донишмандони тоҷик тавсия гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ