​ПАЁМ – РАҲНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Таҳти ин унвон дар толори факултети филологияи тољик маҳфили илмии амалӣ баргузор гардид. Декани факултет профессор Замирахон Ӯлмасзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятгари мардуми тоҷик манзур мегардад. Факултети филологияи тоҷик тасмим гирифтааст, ки имрӯз дар партави Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ қарор додани супоришҳои дар Паём ироа кардаи Пешвои миллат ва шарҳу тавзеҳи муҳимтарин нуктаҳои он маҳфили илмии амалиро бо иштироки устодону донишҷӯён доир намояд.

Профессори кафедраи адабиёти классикии тоҷик Тоҷибой Султонзода дар мавзуи “Паём – рисолати созанда” маърӯзаи илмӣ намуд. Зимни гузориши афзуд, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ки новобаста ба он ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфт ва низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо коњиш ёфт, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар њафт соли охир рушди иқтисодиёти миллї ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Тањлилњое, ки дар робита ба дастовардњои њафт соли охири кишвар ва соли 2023 дар робита ба дастоварду пешрафти соњањои иќтисодиёт, саноат, сохтмон, кишоварзїва ѓайра баён гардиданд, нишон медињанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвари азизамон мебошад, ки зина ба зина амалї гардида истодааст.

Профессори кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нуров дар мавзуи “Паём – дурнамои рӯзгори пурфайз ва мунаввар” суханронӣ намуда, қайд кард, ки муҳимтарин ҷанбаи Паёми Пешвои миллат, ки мавриди истиқболи мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогири масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, чун хушксоливу тағйирёбии иқлим тавассути сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, такмили низоми ахлоқӣ, покизагии фазои зиндагонӣ ва расидан ба тарзи зиндагонии ҷавобгӯ ба тамоми мизони маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Зеварой Бобоева дар мавзуи “Ҷанбаҳои асосии некуаҳволии мардум дар ҷаҳони муосир (дар ҳошияи Паёми навбатӣ аз 28.12.2023) суханронӣ намуда, дар ин бобат фикру андешаҳои худро иброз намуд.

Дар баромадҳо зикр гардид, ки ғамхориҳои пайваста нисбати пешрафти соҳа ва дастгириҳои аҳли маориф, аз ҷумла боло бурдани музди маоши муаллимон, стипендияҳои донишҷўён ва дигар тадбирҳои муҳим моро водор менамояд, ки бештару пештар дар фикри боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бошем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ