​Дастоварди тоза: Ғолибияти донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ дар озмуни” Пули забони чинӣ”

Ду нафар донишҷӯи ихтисоси хитойӣ-англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии даъвати 23-юми озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» ғолиб омаданд. Дар ин бора аз кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқ иттилоъ дода шуд.

Донишҷӯи соли панҷум Азимова Фирӯза ва донишҷӯи соли дуюм Бердалиева Озода дар озмуни мазкур натиҷаи баландро ба даст оварда, сазовори мақоми сеюм шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки даври ниҳоии даъвати 23-юми озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он донишҷӯёни бахши забони чинӣ иштирок намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки озмуни “Пули забони чинӣ” шуруъ аз соли 2002 инҷониб дар беш аз 110 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, ки дар доираи он сатҳи забондонии иштирокчиён санҷида мешавад.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ