​Ҳафтаи забони русӣ дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҳафтаи забони русӣ доир шуд. Давоми ҳафта як қатор чорабиниҳо баргузор шуданд.

Аз ҷумла, пеш аз оғози машғулият донишҷӯён бо забони русӣ маърӯза ироа намуда, шеъру гуфтор қироат карданд.

Ба муносибати ҷамъбасти ҳафта таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад" бахшида ба Рӯзи Ғалаба барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар доираи он фаъолон аз ҷониби садорати факултет бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ