​Конференсияи илмӣ: “Ёдгориҳо – бозгӯи осори ниёгон”

Бо ибтикори садорати факултети таърих ва ҳуқуқ ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ конференсияи илмӣ доир гардид.

Конференсияи мазкур таҳти унвони “Ёдгориҳо – бозгӯи осори ниёгон” баргузор шуд.

Дар доираи конференсияи мазкур оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои таърихӣ-меъмории вилояти Суғд ва корҳои таъмиру тармими онҳо дар солҳои охир маълумот дода шуд.

Аз ҷониби устодон ва масъулини Маҷмаа як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, дар мавзуъҳои “Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ”, “Омӯзиши Қалъаи Хуҷанд дар солҳои истиқлолият” ва “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ – ҳифзи миллат аст” маърӯзаҳо шунида шуд.

Пас аз анҷоми конференсия иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ