​Дарси намунавӣ аз фанни забони арабӣ

Санаи 19-феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дарси намунавии донишҷӯ-таҷрибаомӯзи соли чоруми факултети забонҳои шарқ Тахмина Аюбова бо донишҷӯёни курси аввал баргузор гардид.

Дар дарс ҳайати устондони факултети забонҳои шарқ ва коллеҷи омӯзгорӣ иштирок карданд. Унвони дарси мазкур “Байту Бакрин”, яъне хонаи Бакр буд. Тахмина Аюбова дар бидояти дарс аз донишҷӯён оиди вазифаи хонагӣ ёдовар шуда, барои мустаҳкамкунии дасри мозӣ бо донишҷӯён саволу ҷавоб карда, аз варақаи савол истифода кард. Сипас, дарсро ба донишҷӯён шарҳ дода, калимаҳои нав ва мутародифот, аксҳо ва тарҷумаи онҳоро ба донишҷӯён фаҳмонд. Дар бахши мустаҳкамкунии дарс бошад, аз усулҳои салоҳиятнок истифода бурд. Дар дарс аёниятҳо, варақаҳо, расмҳо, тахтаи синф, компутер, проектор, корбсат шуд. Таҷрибаомӯз ба донишҷӯён оиди рақамҳо дар забони арабӣ маълумот дода, якчанд усулҳоро барои ҳифз гардидани рақамҳо дар зеҳни хонандагон истифода кард.

Дар фарҷоми дарс ба донишҷуён вазифаи хонагиро гуфта, баҳоҳои донишҷӯёнро эълон кард.

Боиси қайд аст, ки Тахмина Аюбова нахустин шуда, аз таҷрибаомӯзон дарси намунавиро ташкил кард ва гузаронид.

Пас аз итмоми дарс устодону таҷрибаомӯзон дарси мазкурро таҳлилу баррасӣ намуданд. Устодон Усмонова Г. Алиева Н. Ҳасанова М. ва Ғиёсов Н., ба Тахмина Аюбова барои баланд бардоштани маҳорату малакаи педагогӣ маслиҳатҳои муфид дода, ба дарси нахустини намунавӣ изҳори миннатдорӣ караданд.

Нишонбой Мадумаров - донишҷӯи курси 4-и факултети забонҳои шарқ, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ