​Филиали кафедра-маркази ташкил ва ҳамоҳангсозии тайёрии касбии омӯзгорони оянда

Дар филиали кафедраи педагогӣ ва табиию риёзии факултети муҳандисӣ воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз фанҳои педагогика ва педагогикаи умумӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси таҳсилотиибтидоӣ ва санъати тасвирӣ дарсҳои амалӣ, лабораторӣ ва КМРО баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки филиали мазкур бо мақсади таъмини самаранокии таълим, дар амал татбиқ намудани донишҳои назарии донишҷӯён ва шароити мусоид фароҳам овардан ба таҷрибаомӯзон дар мактаб амалӣ гардида, дар доираи кори филиал бо иқдоми омӯзгорони кафедраҳо дарсҳои амалӣ, лаборатории хешро аз фанҳои тахассусӣ, ҳамчунин семинарҳои илмӣ-методӣ ва илмию амалӣ доир мегардад.

Мутахассисони пешбари филиал дар баррасӣ ва баҳогузории маводи таълимию методӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, натиҷаҳои корҳои илмии донишҷӯён ва муаллимони мактаб иштирок мекунанд ва дар омода намудани нашрияҳои муштарак дар маҷмӯаҳои мақолаҳои илмӣ, маводи конференсияҳои илмию амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ оид ба масъалаҳои мубрами илмию техникӣ, таҳсилоти касбӣ ва ибтидоӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ