​Вусъати корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳҳои донишҷӯён

Дар асоси нақшаи кории бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ, дар хобгоҳҳои донишҷӯён ҳар ҳафта чорабиниҳои тарбиявӣ, маърифатию фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, ҷашнвораҳои миллию давлатӣ, конференсияҳои илмию адабӣ баргузор гашта истодааст.

Дар робита ба ин дирӯз дар хобгоҳи №2 бо иштироки гурӯҳи “Модарони ваҳдатсаро” мулоқот таҳти унвони “Хуруфоту бегонапарастиро маҳкум мекунем” бо донишҷӯдухтарон доир гардид. Дар он муовини сардухтури беморхонаи №1, номзади илмҳои тиб, вакили вакилони халқии вилояти Суғд – Аминҷонова Саодат ва Мирсаидова Муҳаббат - собиқадори меҳнат, фаъолзани вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар замони бархӯрдҳои тамаддунҳо қарор дорем ва ҷавонони моро мебояд, ки бештар ба таъриху фарҳанги миллатамон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба хуруфотпарастӣ роҳ надиҳанд.

Маърӯзачиён доир ба масъалаҳои тарғиби сару либоси миллӣ, пешгирии хуруфот ва бегонапарастӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозагии муҳити атроф, маданияти истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернет, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ибрози ақида намуданд. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо шукрона аз сулҳу ваҳдату оромӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, донишҳои замонавиро аз худ кунанд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби байни ҷавонон ва ҷомеа арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ